Нозирони САҲА: Интихоботи Туркия озоду воқеӣ набуд

Нозирони байналхалқӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо интихоботи президентии Туркияро ба таври комил воқеӣ ва озод эътироф накарданд.

Дар гузориши нозирон омадааст, дар даври дувуми интихобот пешдоварӣ ва фишор ба интихобкунандагон, аз ҷумла аз ҷониби расонаҳои давлатӣ ҷой дошт.

Нозирон тасдиқ мекунанд, ки ташкили интихобот демократӣ буд ва интихобкунандагон метавонистанд, озодона ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои худ раъй диҳанд. Аммо, тавре дар гузориш омадааст, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ табйизи номзадҳо ҷо дошт.

Нозирон ҳамчунин аз тарафгирии расонаҳои давлатӣ ва маҳдуд кардани озодии баён гузориш медиҳанд. Ба бовари нозирон, ин боиси нобаробарии номзадҳо ва бартарии президенти амалкунанда Раҷаб Таййиб Эрдуғон шудааст.

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон худро барандаи даври дувуми интихоботи президентии кишвараш эълон кард. "Мо кишварро панҷ соли дигар идора мекунем," - гуфт ӯ дар вохӯрӣ бо ҳаводоронаш дар шаҳри Истанбул.

Пирӯзии Эрдуғонро дар даври дувум дертар Шӯрои олии интихоботии Туркия низ тасдиқ кард. Бино ба хабарҳо, Эрдуғон каме бештар аз 52 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ба рақиби ӯ, номзади мухолифон Камол Қиличдороғулу 48 дарсади иштирокдорон раъй додаанд.

Дар даври дувуми интихоботи президентии Туркия 85 дарсади афроди қобили раъй иштирок кардааст.

Ба Қиличдороғулу ба монанди даври аввал аз ҳама бештар сокинони шаҳрҳои Истанбул ва Анқара раъй додаанд.

Эрдуғон, ки 69 сол дорад, дар бист соли гузашта раҳбарии Туркияро дар мақоми нахуствазир ва раиси ҷумҳурӣ дар даст доштааст. Ӯ то соли 2028 дар қудрат хоҳад монд.