Дар изҳороте, ки баъди содир шудани ҳукми Фозилов шоми 26-уми май дар Твиттери ин созмон нашр шуд, мурофиаи журналист “ноодилона” номида шудааст. Дар изҳороти ин созмони ҳомии озодии баён, ки қароргоҳаш дар Париж аст, омадааст: “Журналисти тоҷик Хуршед Фозилов дар паи як мурофиаи ноодилона ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. “Хабарнигорони бидуни марз” саркӯбҳои сангинеро, ки алайҳи журналистони мустақил равона шудааст, маҳкум мекунад”.
#Tadjikistan🇹🇯: the journalist Khurshed Fozilov have been sentenced to seven years in jail after an unfair trial. RSF denounces the harsh repression that strike independent journalists. https://t.co/vSUAPUuQfC
— RSF (@RSF_inter) May 26, 2023
Хуршед Фозилови 37-сола дар паи мурофиаи додгоҳие, ки ҳамагӣ ду рӯз ва дар шароити боздоштгоҳи муваққатӣ бидуни ҳузури наздиконаш ҷараён гирифт, дар “ифротгароӣ” муттаҳам ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ танҳо як мавридеро, ки дар парвандааш зикр шудааст, эътироф кардааст, ки он ҳам ба иттиҳоми ифротгароӣ ҳеҷ рабте надорад.
Суд ё додгоҳи шаҳри Панҷакент ҳукми хабарнигорро рӯзи 26-уми май эълон кард. Пайвандони Фозилов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баррасии мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов рӯзи 25-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шуд ва дар ҳамон рӯзи аввали мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ талаб кард, ки Фозилов ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шавад.
Ба гуфтаи Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов, ӯ дар мурофиа қисман гуноҳро ба дӯш гирифтааст, ки иборат аст аз қабули дастмузд аз сомонаи хабарии хориҷӣ мебошад, аммо ин амал узвият дар созмони мамнӯъ шумурда намешавад.
Вакили мудофеъ ва наздикони хабарнигор аз ҳукм розӣ нестанд. Хушбахт Фозилов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Хуршед Фозилов бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт в аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.
Ӯ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) айбдор мешавад. Худаш иттиҳомро рад кардааст.
Аз Хуршед Фозилов ду вакили мудофеъ - Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов ҳимоят мекунанд.
Бо эълони ин ҳукм, шумори журналистони зиндонии тоҷик ба 8 нафар расид. Ҳамаи онҳо дар як соли охир боздошт ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Пешниҳоди "таҳрим" ба зидди мансабдорони ТоҷикистонБоздошт, шиканҷа ва ҳукмҳои тӯлонӣ. AI Тоҷикистонро танқид кард"Маҷбур карданд, ки иқрор шавам." Ҷузъиёти қазияи Хуршед ФозиловПирмуҳаммадзода гуфтааст, "шароит тоқатфарсост"САҲА. Баҳси нави мухолифон ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон. ВИДЕО