Пажӯҳиш: Миллиардҳо нафар то соли 2100 бо "гармои хатарнок" рӯбарӯ мешаванд

Бино ба таҳқиқоти нав, ки рӯзи 23-юми май дар маҷаллаи "Пойдории табиат" нашр шуд, дар сурати ба ин тарз идома ёфтани сиёсатҳо барои пешгирӣ аз гармшавии замин, дар поёни қарни бистуякум аз панҷ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон бо "гармои сахт" рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ин пажӯҳиш меафзояд, гармии миёнаи кураи замин то поёни қарни мелодӣ ба 2,7 дараҷаи сантигради болотар аз давраи пеш аз саноатикунонӣ хоҳад расид ва дар натиҷа беш аз ду миллиард нафар (баробар ба 22 дарсади аҳолии ҷаҳон дар он замон) дар вазъияти иқлимие хоҳанд буд, ки хориҷ аз чаҳорчӯбаи зиндагии муносиб барои башарият аст.

Дар сурати пеш омадани ин ҳолат, ҳудуди 600 миллион нафар аз аҳолии Ҳинд, 300 миллион нафар дар Нигерия, ҳудуди 100 миллион нафар дар Индонезия, 80 миллион нафар дар Покистон ва ҳамин миқдор дар Филиппин дар рӯбарӯи гармии кушанда қарор хоҳанд гирифт.

Мудири бахши пажӯҳишҳои иқлимӣ дар Донишгоҳи Эксетери (University of Exeter) Бритониё ва масъули ин пажӯҳиш гуфт, "ин як тағйири амиқ ва густурда дар минтақаҳои қобили зиндагӣ дар сатҳи кураи замин аст ва метавонад ба як таҳдид ба одамон мубаддал шавад".

Бар асоси ёфтаҳои ин пажӯҳиш, расидан ба ҳадафҳои аслии Паймони Порис, яъне пешгирӣ аз гармшавии замин дар ҳадди 1,5 дараҷаи болотар аз давраи қабл аз саноатикунонии ҷаҳон, метавонад аҳолии зери хатарро ба камтар аз ним миллиард нафар коҳиш диҳад. Ин баробар ба панҷ дарсад аҳолии 9,5-миллардии ҷаҳон дар даҳаҳои поёнии қарни бистуякум хоҳад буд.

Пажуҳишҳои гуногуне, ки дар солҳои охир анҷом шуд, нишон медиҳад, ки то ба имрӯз таҳти таъсири гармшавии замин дар ҳадди 1,2 сантигради болотар аз даврони қабл аз саноатикунонӣ, падидаҳои бодуҳавоии вайронгар ва маргбор монанди хушксолиҳои давомдор ва селҳои шадид рӯй медиҳад ва ҳашт соли ахир гармтарин солҳо сабт шуда будаанд.

Гармии миёнаи солона, ки дар ин пажӯҳиш ҳамчун "гармии хатарнок" шуморида шудааст, 29 дараҷаи сантиград ва болотар аз он аст. Далелҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли таърих қисми зиёди одамон дар минтақаҳои муътадил, ки гармии миёна ва ё мутавассити солонаи он ҳудуди 13 дараҷа аст, мезистанд ва аҳолии камтаре низ дар минтақаҳои гарм, ки гармии миёнаи солонаи он ҳудуди 28 дараҷа аст, зиндагӣ мекарданд.

Таҳти таъсири гармшавии замин, ҳарорати ҳама минтақаҳо афзоиш ёфтааст, вале табиӣ аст, ки хатари "гармшавии кушанда" дар минтақаҳое, ки ҳарорати онҳо ба 29 дараҷаи сантиград наздик аст, бештар хоҳад буд.

Пажӯҳишҳои илмии гуногун нишон додаанд, ки гармии миёнаи солонаи болотар аз 29 дараҷа дар солҳои тӯлонӣ сабаби афзоиши маргу мир, ҷанг, буҳронҳои минтақавӣ, паҳншавии бемориҳо ва аз байн рафтани маҳсулоти кишоварзӣ мешавад.

Ҳудуди 40 сол пеш фақат 12 миллион нафар аз аҳолии ҷаҳон дар маърази хатари "гармои кушанда" буд. Ин рақам ҳоло панҷ баробар шудааст ва дар даҳаҳои оянда ба суръат афзоиш хоҳад ёфт.

Танзимкунандагони ин пажӯҳиш ёддоварӣ мекунанд, ки аксари аҳолии дар маърази хатар сокинони кишварҳои фақир ва ё камдаромад ҳастанд, ки бинобар ғайрисаноатӣ будан дар олудагии ҳавои замин нақше надоштанд, вале беш аз дигарон аз паёмадҳои хатарноки он осеб мебинанд.