Як масъули Кумитаи дини Тоҷикистон аз суистифодаи унвони “ҳоҷӣ” ва, ба гуфтааш, “тақлиду таассуби сокинон дар иҷрои маросими ҳаҷ” нигаронӣ кардааст.
Абдуғаффор Юсуфов, сардори шуъбаи равобити байнулмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, дар мақолае дар маҷаллаи расмии “Дин ва ҷомеа” аз сафари батакрори сокинон ба ҳаҷ танқид кардааст. Ӯ гуфтааст, бархе бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ҳаҷ бираванду “ҳоҷӣ” ва бологузар шаванд.
Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки сокинон "маблағи бо сад азоб ҷаъмовардаи фарзанди муҳоҷирашонро дар ин роҳ сарф мекунанд,” – афзудааст Юсуфов.
Ба иттилои Кумитаи дин, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор нафар зиёрати ҳаҷ кардаанд. Ин мақомдор шикоят кардааст, ки бархе аз сокинон бо роҳи ғайрирасмӣ ва “бо гирифтани раводиди тиҷоратӣ ва пинҳонӣ ба ҳаҷ мераванд.”
Абдуғаффор Юсуфов гуфтааст, “шарти асосии ҳаҷ ин имконият ва тавоноӣ аст” ва пешниҳод кардааст, ки ба ҷойи ҳаҷи фарзию умраи такрорӣ беҳтар аст, сокинон корҳои хайре ба мисли “обёриву таъмири роҳу бунёди пул ва иншооти маишӣ” анҷом диҳанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик даъват мекунанд, ки сокинон маблағи сафари ҳаҷ, яке аз рукнҳои муҳими дини исломро ба сохтмони пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.
Сокинон ба ҳаҷ рафтанро фарз медонанд ва аксари мусалмонон талош мекунанд, то ин фаризаи диниро ба ҷо оранд.
Шариф Самадов, як сокини 56-солаи Душанбе имсол барои рафтан ба ҳаҷи фарзӣ омода мешавад. "Ман аз вақте худамро мешиносам, орзуи ҳаҷ карданро доштам. Худам аз тиҷоратам пул ҷамъ кардам ва имсол насиб меравам. Ин гуфтаи Худованд аст, ки агар дастат мерасад, бояд Ҳаҷ кунӣ,"--гуфт ӯ.
Пештар танқид аз адои ҳаҷ дар ҷомеа мисли як амали мамнӯъ буд, вале ҳоло дар миёни бархе сокинон низ шеваи рафтан ба ҳаҷро танқид мекунанд.
Азиз Шеров, як сокини 67-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, фарзандонаш хостанд, ӯро ба ҳаҷ гусел кунанд, вале қабул накард. "Маккаи муқаддасро хонаводаи оли Сауд монополия кардааст. Каъба қиблаи тамоми мусалмонон аст, пас чаро фоидаи онро бояд як хонавода истифода кунад? Чаро аз фоидае, ки аз тамоми мусалмонони дунё дар инҷо ба даст меояд, ба мусалмонони камбизоат сарф намешавад? Ман фикр мекунам, ки аз ин кор Худо ҳам розӣ нахоҳад шуд. Барои ҳамин то вақте Каъба як макони мустақил ва аз тамоми мусалмонон нашавад, ба онҷо нахоҳам рафт," -- гуфт ӯ.
Танқиди мақомдори Кумитаи дин дар ростои сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ садо дод. Имсол сафари ҳаҷ аз 10 то 20-уми июн сурат мегирад ва нархи он барои як нафар 59 ҳазор сомонӣ ё беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Қаблан сокинон аз монополия ва монеаҳо дар роҳи сафар ба ҳаҷ шикоят доштанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
59 ҳазор сомонӣ. Кумитаи дин нархи сафари ҳаҷро эълон кардАрабистони Саудӣ ба 7 ҳазор тоҷикистонӣ иҷозаи Ҳаҷ дод"Марги ҳафт тоҷик дар роҳ ба Умра". Қариб 1000 нафарро аз сафари Саудӣ гардондаанд. ВИДЕО"Ҳаҷ нарафтам, роҳ месозам."Тарсам нарасӣ ба Каъба… Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон