Рӯзи 23-уми май гурӯҳи мусаллаҳе ба хоки Русия ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд.
Маскав “як гурӯҳи диверсионӣ”-ро дар талоши ворид шудан ба дохили Русия гунаҳгор кард, аммо Киев ин иттиҳомҳоро рад намуд.
САДОИ ТИР ДАР БЕЛГОРОД
Рӯзи 22-уми май дар минтақаи Белгороди Русия садои тиру таркиш ба гӯш мерасад ва як волии маҳаллӣ гуфт, ки даргириҳо ба ноҳияи Грайвонони Русия дар сарҳади Украина тавсеа ёфтааст. Феълан иттилое дар бораи хисороте дар даст нест.
Матбуоти украинӣ ба нақл аз сухангӯи идораи иктишофӣ Андрей Юсов гуфт, ки гурӯҳҳои бо номи Легиони “Озодии Русия” ва Корпуси ихтёриёни Русия, ки ба он муҳоҷирони руси зидди Кремл дохил мешаванд, масъули дохил шудан ба хоки Русия ҳастанд, вале ҳеҷ далеле пеш наовард.
Юсов гуфт: “Бале, имрӯз Корпуси ихтёриёни Русия ва Легиони “Озодии Русия”, иборат аз шаҳрвандони Федератсияи Русия, амалиёти озодсозии ин қаламравҳоро дар минтақаи Белгород аз ба истилоҳ режими Путин ва ба қафо задани душман ба хотири эҷоди як минтақаи амн барои дифоъ аз аҳолии мулкӣ ба роҳ монданд.”
Манзури Юсов президенти Русия Владимир Путин аст.
Ӯ афзуд, ҳадафи ҳамлае, ки ҳукумати Украина мегӯяд, ба он ҳеҷ дахле надорад, эҷоди “як минтақаи амн” дар ҳифзи украиниҳо аз ҳамлаҳои Русия мебошад.
"ПУТИН ХАБАР ДОРАД"
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Путин дар бораи ин ҳамла огоҳ шуд ва кор барои берун кардани “диверсантон” ба роҳ монда шудааст.
Аз ин пеш 22-уми май дар пайи хабарҳо аз тирандозӣ дар хати баландшиддати нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе нерӯи барқ дар ин муассиса барои муддати кӯтоҳ қатъ шуд. Русия шаби гузашта инчунин дар минтақаи Днепропетровск мушак ва паҳподро ба кор бурд.
"Укрэнерго" дар давоми рӯз хабар дод, ки барои ҷуброни барқи қатъшуда хати захиравӣ ба кор андохта шуд.
Ин бори ҳафтум аст, ки аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина кори ширкати Энергоатом дар корхонаи Запорожйе бидуни нирӯи беруна кор мекунад.
Рафаэл Гросси, раҳбари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ гуфт, аз замони шурӯи ҷанг корхона дар ҳолати ҳассос амал мекунад ва “мо бояд ҳамин ҳоло барои ҳимояти он ба қароре бирасем, вазъ чунин такрор шуда наметавонад”.
Шаби 22 май нирӯҳои Русия 16 мушак ва 20 паҳпод ё дрони худкушро болои минтақаи Днепропетровск партоб кард. Нирӯҳои дифои ҳавоии Украина гуфтанд, ки дар натиҷа чанд нафар маҷрӯҳ шуд.
Дар шарқи Украина, бо вуҷуди иддаои Русия, ки шаҳри Бахмут ба дасти Маскав гузаштааст, ҷангҳои шадид идома доранд. Маркази асосии ҷангҳ ҳамоно ҷабҳаи Бахмут-Авдеевка-Мариинка мебошад ва дар давоми 24 соати гузашта украиниҳо 37 ҳамлаи русҳоро баргардонданд. Дар ин бора Ситоли кулли нирӯҳои Украина хабар дод.