Зайд Саидов – даҳ сол дар зиндон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, даҳ сол пеш, 19-уми майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба Душанбе дар фурудгоҳ дастгир шуд. Мақомот ӯро ба 29 сол зиндон маҳкум карданд. Боздошту муҳокимаи ӯ пас аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" вокунишҳоро барангехт. Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон борҳо бозбинии ҳукми Зайд Саидов ва раҳоии ӯро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.