Баррасии парвандаи фаъоли маданӣ Кенҷабек Султонбеков, ки ба анҷоми "амалҳои ғайриқонунӣ" дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон гумонбар аст, 18-уми май дар додгоҳи шаҳри Семей идома ёфт.
Яке аз шоҳидон дар мурофиа гуфт, ду ангушташро шикаста, маҷбур кардаанд, ки зидди ин фаъоли маданӣ баёнот диҳад.
"Маро латукӯб карда, ба ошёнаи чаҳоруми шуъбаи пулис бурданд ва пешниҳод карданд, ки ба Кенҷабек Султонбеков туҳмат занам ва гӯям, ки ӯ ҷевонҳои шаҳрдориро шикаст ва тазоҳуротро ташкил кард. Баъд аз ҷавоби рад додан ду ангуштамро шикастанд", - гуфт шоҳид дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.
Вай афзуд, танҳо баъд аз се рӯзи латукӯб ва шикастани ангуштонаш зидди фаъоли маданӣ шоҳидӣ дод. Дар асл, ба гуфтааш, ҳеч амали ғайриқонунии Султонбековро надидааст.
Эътирози оммавӣ дар Қазоқистон рӯзи 4-уми январи соли 2022 шуруъ шуд. Норозиён дар аввал ба зидди болоравии арзиши газ шиор медоданд, дертар истеъфои ҳукуматро талаб карданд.
Он эътироз рӯзи 7-уми январ бо бетартиби ва саркӯб дар Алмато ва шаҳрҳои дигари калони Қазоқистон ба поён расид.