Узбекистон низоми нави огоҳӣ аз зилзиларо ба роҳ мемонад

Низоми миллии огоҳcозӣ аз заминларза дар Узбекистон аз 1-уми декабри имсол марҳила ба марҳила роҳандозӣ мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати адлияи Узбекистон, 18-уми май фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои боз ҳам такмил додани низоми таъмини амнияти сокинон" ба имзо расидааст.

Тибқи фармон, ҳангоми 5 бал ларзидани қишри замин сокинон тавассути барномаи "Огоҳӣ аз заминҷунбӣ" дар давоми чанд сония хабар дода хоҳанд шуд.

Фармон ҳамчунин роҳандозии "Платформаҳои электрониро барои назорати сейсмологӣ дар обанборҳо" пешбинӣ мекунад.