“Латукӯби духтарам дуруст тафтиш намешавад.” Сайёра пеш аз марг чӣ гуфт? ВИДЕО

Зилзила Хоҷаева, модари Сайёра

Пайвандони як зан дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пас аз муноқиша бо хонаводаи шавҳараш фавтидааст, мегӯянд, мақомот парвандаи марги ӯро дуруст таҳқиқ намекунанд.

Сайёра Зоироваи 36-сола ҳафт моҳ пеш, пас аз як муноқиша дар хонаи шавҳар ва зарб хӯрдан бистарӣ шуд ва дар беморхона ҷон бохт.

Сайёра дар наворе пеш аз марг нақл кардааст, ки чӣ тавр ӯро заданд.

Зилзила Хоҷаева, модари Сайёра мегӯяд, хонаводаи шавҳараш бераҳмона ӯро латукӯб карданд ва ӯ бар асари зарби сахт сиҳатиашро пурра аз даст дод.

Дар робита ба марги Сайёра додситонии минтақаи Кӯлоб Ҷиёншоҳ Раҳимов, додари шавҳари ӯро барои “қасдан расонидани зарар ба саломатӣ” боздошт кардаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наздикони зане, ки аз латукӯб ҳалок шуд, адолат мехоҳанд

Зилзила Хоҷаева мегӯяд, ба духтараш чор-панҷ нафар ҳамла кардааст, вале мақомот танҳо якеро боздошт кардаанд ва парвандаи ӯро низ дуруст тафтиш намекунанд.

Ҷаҳонгир Раҳимов, ҳамсари Сайёра гуфт, ки занашро талоқ дода буд ва ӯ рӯзе омада дар хонаашон ҷанҷол кардааст. Ӯ тасдиқ кард, ки дар хонаашон Сайёраро задаанд, вале на бо чубу дастаи бел.

“Қад ба қад, занакҷанг шудагӣ ҳаст, лекин ӯро ба дастаи бел назадаанд,”—гуфт, ӯ.

Аз никоҳи Сайёра ва Ҷаҳонгир чор фарзанд ба дунё омадааст, ки калонаш 17-сол ва хурдӣ ҳашт сол дорад.

Ҷонибек Раҳимов, писари Сайёра Зоирова мегӯяд, шоҳиди латукӯби модараш буд. Ӯ гуфт, ки падараш модарашро дошт ва ҳама аҳли хонавода ӯро заданд.

Сайёра се моҳ, то лаҳзаи марг, дар бемористон бистарӣ буд. Ӯ пеш аз марг дар наворе нақл мекунад, ки чи гуна ӯро латукӯб кардаанд. Ба нақли ӯ, бародари шавҳараш ба сараш бо чубдаст задааст. “Як дуто зад, баъд занашро гуфт, ки ту бизан, занакҷанг ҳаст, агар дар милиса ҳам диҳанд, чизе намегӯянд. Ба калтак зад, ғалтидам,”—гуфтааст, дар навор.

Дар ташхиси судӣ-тиббӣ сабаби марги Сайёраро “осебҳои сахт дар сараш” номидаанд.

Абдулваҳоб Зоиров, бародари Сайёра мегӯяд, то замони фавташ касе парвандаро тафтиш накард. Ӯ гуфт, ҳоло танҳо як нафарро ҷавобгар кардаанд, ки аз рӯи адолат нест.

Дар Тоҷикистон борҳо муноқишаҳои хонаводагӣ боиси марги занҳо шудааст. Аксаран решаи баҳсҳои хонаводагиро мушкили иқтисодӣ медонанд.