Пешравиҳои Украина дар ҷабҳаи Бахмут рӯзи душанбеи 15-уми май ҳамчунон идома ёфт. Дар ҳамин ҳол, Бритониё эълон кард, ки кӯмакҳои бештари низомӣ ба Киев пешниҳод мекунад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, Бритониё ҳавопаймоҳои дурпарвози бесарнишини навро ба Киев медиҳад, то дар амалиёти зиддиҳамла муқобили нерӯҳои русӣ истифода шаванд.
Ҳафтаи гузашта, артиши Украина тавонист нерӯҳои русиро аз шаҳри Бахмут ва атрофи он ба ақиб биронад. Бахмут як маркази муҳим дар минтақаи Донетск аст ва дар чанд моҳи гузашта шоҳиди сахттарин ҷангҳо буд ва ҳар ду тараф талафоти зиёде дидаанд.
Ин нахустин муваффақияти чашмгири Украина аз моҳи ноябр аст, ки сарбозони украинӣ тавониста буданд, шаҳри Херсонро дар ҷануби он кишвар бозпас бигиранд.
Фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Украина бо нашри баёнияе дар "Телеграм" дар ин бора гуфт, "пешравии сарбозони мо дар Бахмут нахустин пирӯзии мо дар амалиёти дифоъ аз ин шаҳр ба шумор меравад."
Ӯ дар ин баёния афзуд, рӯзҳои гузашта собит шуд, ки мо метавонем пешравӣ дошта бошем ва ҳатто дар ин шароити ниҳоят душвор низ нерӯҳои душманро шикаст диҳем. Мо ба нисбати душманамон захираҳои камтар дорем ва бо вуҷуди ин, метавонем нақшаҳояшонро барбод диҳем".
Вазорати дифои Русия низ дар нишасти хабарии рӯзи якшанбеи 14-уми май аз кушта шудани ду фармондеҳи низомии ин кишвар дар Бахмут хабар дода буд.
Вазорати дифои Русия дар ин нишасти хабарӣ эълон кард, ки Вячеслав Макаров ва Евгений Бровко дар набард бо нерӯҳои Украина кушта шудаанд.
Ҳамзамон Киев аз тасарруфи беш аз 10 мавзеи Русия дар атрофи ин шаҳр хабар дод.
Маскав, ки дар чанд рӯзи ахир "фирор"-и нерӯҳояш аз Бахмутро рад мекард, рӯзи ҷумъаи 12-уми май эътироф кард, ки нерӯҳои ин кишвар бинобар ҳамлаҳои Украина дар шимоли Бахмут ақибнишинӣ кардаанд.