Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар вазни то 63,5 кило шуд. Мусобиқот дар Узбекистон ҷараён дорад ва 14-уми май ба поён мерасад.
Баҳодур Усмонов баъд аз се пирӯзӣ ба рақибонаш Алекс Исенди аз Танзания, Муҳаммад Алкасба аз Урдун ва Нодир Абдулзақ аз Марокаш ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар чаҳорякфинал муқобили муштзани тайландӣ Хунатип Пуднич бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ баромад.
Муштзани 25-солаи тоҷик рӯзи 12-уми май дар нимфинал аз Чинзориг Баатурсухи 31-солаи муғулистонӣ бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда, дар натиҷа мақоми сеюмро касб кард. Баҳодур Усмонов бо медали биринҷӣ ва 50 ҳазор доллар ҷоиза сарфароз мегардад.
Баатарсух, ҷоизадори нуқраи Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2018 ва барандаи нишонҳои нуқра ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар солҳои 2017, 2019 ва 2022, ки ба финал роҳ ёфт, барои медали тило мубориза мебарад.
Ба ин тартиб, Баҳодур Усмонов, ки тавонист то ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ ёбад, баъди дувоздаҳ сол барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон медал овард. Зимнан, соли 2011 муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Боку дар вазни то 56 кило соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.
Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар шаҳри Тошканди Узбекистон 1-уми май оғоз ёфт ва рӯзи 14-уми май ба охир мерасад. Дар рақобатҳо аз рӯи 13 вазн 640 варзишгар аз 140 кишвар ширкат меварзад.
Тоҷикистонро дар Тошканд дувоздаҳ муштзан намояндагӣ кард: Меҳрон Шафиев (48 кг), Меҳроб Ҳомидов (51 кг), Меҳроҷ Зоидов (54 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Абубакр Муродзода (60 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Некрӯз Салимов (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Парвиз Каримов (86 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг). Аз байни онҳо танҳо Баҳодур Усмонов медал гирифт.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Тошканд 5,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллар, барои медали нуқра 100 000 доллар ва барои медали биринҷӣ 50 000 доллар супурда хоҳад шуд.