"Агар таркиш шавад..."
Самеъ Тӯраев, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми гаштугузор дар наздикии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ эҳсоси хатар мекунад. Мегӯяд, чанд мавриди сӯхтору таркиш ташвиши ӯро бештар кард.
"Бинед, дар пеши роҳ сохтаанд. Мумкин нест. Аз инҷо одам мегузарад. Худо накарда таркиш шавад, зиёнаш ба роҳгузарон мерасад," – гуфт ӯ рӯзи 10-уми май.
Дар назди даромадгоҳи баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар навиштае аз ронандагон хостаанд, аввал мусофиронро аз мошин фароранду сипас бензин ва газ бигиранд. Баъзе аз ронандаҳо қоидаро риоя мекунанд, аммо аксарият бо мусофирон ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ медароянд.
Сокинон ба ин назаранд, ки дар баробари наздик будани нуқтаҳои таъмини маводи сӯхт ба биноҳои истиқоматӣ, қоидаҳои зидди сӯхтор на ҳамеша риоя мешавад. Нақзи чунин меъёрҳои бехатарӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар минтақаҳои дигар низ ба назар мерасад.
"На танӯр шинонда метавонам, на дег"
Ҳикматхон Иброҳимова, сокини маҳаллаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳо боз талош дорад, то нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз назди хонааш кӯчонида шавад, вале талошҳояш бенатиҷа.
"Байни нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва манзили ман танҳо як девор аст. Дар ҳавлӣ танӯр гузошта наметавонам. Дег шинондаву ош карда наметавонам, чуқурӣ кофта наметавонам. Дар ҳар ду рӯз мошинҳои бузург газ холӣ мекунанд. Ҳаёти ману фарзандонам зери хатар аст. Шабу рӯз хавотирем," – гуфт хонум Иброҳимова.
Ин зан гуфт, ба идораҳои давлатӣ, аз қабили додситониву мақомоти маҳаллӣ мушкилашро расонд, вале ба он расидагӣ нашуд.
Дар ҳоле ки сокинон аз бетаваҷҷӯҳии масъулон ва ронандагон мегӯянд, худи онҳо вуҷуди чунин мушкилро на ҳамеша эътироф мекунанд.
Абдураҳмон Хоҷаев, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар Душанбе, баръакс, тарзи кори баъзе аз ронандагон писанд нест. "Гап мезанем, ки аввал мусофиронро фароранд. Касе мефаҳмад, хоҳиши моро иҷро мекунад. Касе намефаҳмад, зиёд гап намезанем," – нақл кард ӯ.
Ронанда Носир Шомуддинов даъво дорад, ки дар вайрон намудани қоидаҳои пешбинишуда дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ танҳо ронандагон гунаҳкор нестанд.
Аз чанд метр то чанд метр?
Масъалаи назорату бунёди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо назардошти меъёрҳои пешбинишуда бар дӯши Хадамоти оташнишонии ВКД, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Кумитаи сохтмону меъморӣ аст. Намояндагони ВКД ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд.
Дар Кумитаи сохтмон ва меъморӣ риояи масофаи пешбинишударо миёни нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва маҳалли аҳолинишин ҳатмӣ донистанд. Муродбек Саломзода, як масъули ин ниҳод, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми бунёди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ масофа байни чунин иншоот ва манзили зисти сокинон аз 25-35 то 60 метр пешбинӣ шудааст.
“Дар ҳолате ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо якчанд намуди маводи сӯхт кор кунад, масалан гази моеъ ва бензину солярка, дар ин ҳолат масофа зиёдтар мегардад. Аз 35 то 60 метр,” – шарҳ дод Муродбек Саломзода.
Дар Тоҷикистон солҳои охир чанд таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух додааст. 28-уми апрели имсол бар асари сӯхтору таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" дар Душанбе як зан ба ҳалокат расид.
Ҳодисаи дигар соли 2021 дар нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар ноҳияи Синои пойтахт сар зад. Дар ин ҳодиса камаш 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Соли 2017 дар пайи таркиш дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола ҷон бохта, 21 нафар ба шумули кӯдакону наврасон захмӣ шуданд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин сохта шаванд. Сокинон мегӯянд, пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар ҳолати сухтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад