Ҳукумати Бритониё гуфт, ки фиристодани мушакҳои болдори замонавии "Storm Shadow"-ро ба Украина оғоз кардааст.
Ин мушакҳо ба артиши Украина имкон медиҳад, ки нуқтаи ҷойгиршавӣ ва анбори аслиҳаи артиши Русияро дар минтақаи дуртар аз хати пеши ҷабҳаи ҷанг нишон бигирад. Онҳо метавонанд беш аз 200 километр парвоз кунанд.
Тибқи иттилои CNN, артиши Украина то ҳол аз Ғарб силоҳҳое гирифта буд, ки тавони маҳви ҳадафро дар 80 километр доштанд. Ҳукумати Украина чанд моҳ пеш аз ҳампаймонҳояш мушакҳои дурпарвоз дархост кард.
Бен Уоллес, вазири мудофиаи Бритониё, рӯзи панҷшанбе дар порлумони ин кишвар гуфт, "дар баробари куштори ғайринизомиён аз сӯи артиши Русия, даст рӯи даст намегузорем. Русия бояд қабул кунад, ки сабаби додани силоҳҳои дурпарвоз ба Украина, фақат ва фақат иқдомҳои Маскав аст".
Вазири дифои Бритониё афзуд, ин силоҳҳо фақат барои истифода дар қаламрави Украина ба ин кишвар дода мешавад. Ин ба он маъно аст, ки Бритониё аз Украина замонат гирифтааст, ки аз аслиҳаи дурпарвози бритониёӣ барои ҳамла ба хоки Русия истифода нахоҳад шуд.
Русия пеш аз эълони ин хабар гуфт, агар Бритониё мушакҳои дурпарвозро дар ихтиёри Украина қарор диҳад, "артиши Русия вокуниши муносиб нишон хоҳад дод".
Кишварҳои ғарбии пуштибони Украина дар соли ҷорӣ ёриҳои низомии худ, ба вижа силоҳҳои вазнин ва дурбурдро афзоиш додаанд.
Вазирони дифоъ ва умури хориҷии Бритониё ҳафтаҳои охир барои гуфтугӯ дар мавриди ёриҳои низомӣ ба Украина ба Вашингтон рафта буданд.
Бритониё пас аз Амрико кумакҳои бештари низомиро дар ихтиёри Украина қарор додааст. Тибқи омори расмӣ, миқдори ёриҳои низомии Бритониё ба Украина дар соли гузашта ҳудуди 2,9 миллиард доллар будааст.
Ҳарчанд ин омор дар баробари кумакҳои низомии 37-миллиарддолларии Амрико андак ба назар мерасад, дар гузашта Бритониё аввалин кишваре буд, ки силоҳҳои пешрафта дар ихтиёри Украина қарор дод.
Бритониё ҳатто пеш аз оғози ҳамлаи низомии Русия мушакандозҳои зиддиҳавоӣ ва зиддитанкӣ ба Украина фиристода буд.