Анварбӣ--милисаи собиқ, бесарпаноҳ мондааст. ВИДЕО

Анварбӣ Асадуллоева, корманди собиқи ВКД

Як корманди собиқи милиса бесарпаноҳ мондааст ва мегӯяд, талошҳояш барои соҳиб шудан ба манзили зист бенатиҷа будааст.

Анварбӣ Асадуллоева, сокини 41-солаи шаҳри Кӯлоб, ки соли 2016 дар Дастаи таъиноти махсуси ВКД (ОМОН) ба кор пайваста буд, соли гузашта корро тарк ва ба Русия муҳоҷир шуд.

Номаҳои ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва дигар мақомдорон барои соҳиб шудан ба манзили зист то кунун ҳеч натиҷае надодааст.

Ӯ гуфт, гумон дошт, ки бо кор дар ВКД соҳиби маоши беҳтар ва хонаи хидматӣ мешавад, вале шаш соли кор дар ин ниҳод ӯро ба орзуҳояш нарасонд. 1100 сомонӣ маоше, ки ба Анварбӣ пардохт мешуд, ба гуфтаи ӯ, барои иҷораи манзили зисташ кифоя набуд. “Дидам, ки дастгирӣ аз тарафи ҳукумат нашуд, хостам, ки бас кунам. Шартномаамро интизор шудам. Шартномаам тамом шуд, гузориш навишта корро бас карда, ба муҳоҷират рафтам,”—гуфт, ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Анварбӣ: "Маскав рафтам, ҳаминқадар азоб кашидам"

Чор моҳ дар Русия кор кард, вале бемор шуд ва дубора ба ватан баргашт. Пизишкон гуфтанд, ки гирифтори саратони сина шудааст. Ҳоло аз ҳисоби нафақаи падару модараш зиндагӣ мекунад, вале бародаронаш ӯро фишор меоранд, то хонаи падариро тарк кунад.

Ниҳолбӣ Назарова, модари Анварбӣ гуфт, духтараш дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард, вале дигар тавони пардохти пули иҷора надорад. Ин зан мегӯяд, хонааш танг аст ва писарону келинҳояш Анварбиро фишор меоранд, ки ҷои зисташро пайдо кунад.