Мушкили нави ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳои иҷтимоии худро барҳам диҳанд. Як масъули ҳукумати маҳаллӣ ин иддаоро рад кард ва гуфт, “танҳо фаъолияти созмонҳое бас шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд”.