Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дар кишвараш интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ эълон кард ва рӯзи баргузории онро ба 9-уми июли имсол гузошт.
Интихоботи зудрас дар пасманзари ислоҳи Қонуни асосии Узбекистон баргузор хоҳад шуд. Бар асоси он муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз 5 то 7 сол дароз гардид.
Мирзиёев дар паёме рӯзи 8-уми май гуфт, бо "ташаббуси худ" аз севуним соли мондаи президентияш даст кашид. Вай ин тасмимро барои нигоҳ доштани мувозинат байни "тамоми шохаҳои қудрат" ва татбиқи ислоҳҳо ба Қонуни асосӣ зарур хонд.
Барои баргузории интихоботи порлумонӣ низ се моҳ муҳлат дода шудааст, ҳарчанд дар бораи пароканда кардани ниҳоди қонунгузор ҳанӯз иқдоме нагирифтаанд.
Ҳамапурсӣ барои тағйири Қонуни асосии Узбекистон рӯзи 30-юми апрели имсол гузашт. Мақомот гуфтанд, ҳадафи ислоҳу тағйирот дар Қонуни асосӣ беҳтар кардани мудирият Узбекистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст, ки зиндагии мардум дар он сахт назорат мешавад. Мунтақидон мегӯянд, ҳадафи асосӣ дароз кардани замони раҳбарии Шавкат Мирзиёев буд.
Шавкат Мирзиёев соли 2016 ва пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, ба қудрат расид, ки ҳукуматдории саркӯбгарона дошт ва муносибатро бо Тоҷикистон ба поинтарин сатҳ расонда буд.
Мирзиёев, ки дар даврони ӯ нахуствазир буд, баъди расидан ба мақоми раиси ҷумҳур ислоҳотеро ба роҳ андохт; афроди содиқ ба Каримовро аз ҳукумат ронд ва амалгароёни ҷавонро ба ҷойи онҳо овард.
Инчунин, кори маҷбуриро дар пахтазорҳои азими Узбекистон камтар кард, ки як манбаи асосии даромад ва пули нақди хориҷӣ дар кишвар аст. Тағйир дар муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя бахусус Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳоро аз дастовардҳои ӯ меноманд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ҳамчунон ҳаст, мухолифони сиёсӣ вуҷуд надоранд ва матбуоти мустақил ва озодии баён ҳам сахт зери назорат аст.
Моҳи июли соли 2022 дар Қароқалпоқистон, ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Узбекистон, бинобар пешниҳоди ислоҳот дар Қонуни асосӣ ва маҳдуд кардани мухторияти онҷо тазоҳурот сурат гирифт. Ҳукумати Мирзиёевро барои саркӯби эътирозгарон ва боздошту ба зиндон андохтани норозиён танқид карданд.
Мирзиёев ҳоло 66-сола аст ва дар сурати иштироку пирӯзӣ дар интихобот метавонад, ду давраи ҳафтсолӣ ҳукумат биронад. Ин соли 2037 мешавад ва худаш ҳам 80-сола.
Ислом Каримов бархилофи ду давраи президентӣ, ки Қонуни асосии Узбекистон иҷоза додааст, чаҳор бор президент интихоб шуда буд. Дар давраи ӯ муҳлати президентиро аз панҷ ба ҳафт сол ва дигарбора аз ҳафт ба панҷ сол иваз карданд. Каримов то дами марг дар қудрат монд. Соли 2016 ва дар 78-солагӣ даргузашт.