Ба гузориши низомиёни украинӣ, рӯзи 6-уми май нирӯҳои ишғолгари Русия ҳамла ба шаҳри Бахмути украиниро идома доданд ва ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш раҳбари гурӯҳи зархаридони “Вагнер” таҳдид кард, ки аз ин шаҳре, ки барои ишғоли он Русия чандин моҳ аст мубориза мебарад, ҷангиёнашро берун хоҳад кард.
Ситоди кулли нирӯҳои Украина гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта аз 50 ҳамла ба Бахмут ва ҳам шаҳрҳои Мариинкаву Авдеевкаи вилояти Донетск пешгирӣ кардаанд. Шаби гузашта Русия ба хоки Украина шаш дафъа бо паҳпод ё дрон ҳамла кард, вале, ба иттилои Юрий Игнат, сухангӯи нирӯҳои ҳавоии Украина, ҳамаи онҳо хароб карда шуданд.
Муовини вазири дифои Украина Ҳанна Маляр гуфт, нирӯҳои русӣ, ки дар миёнашон ҷангиёни “Вагнер” бештар ҳастанд, талош хоҳанд кард, ки то 9 май, санае, ки Русия ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро ҷашн мегирад, шаҳри Бахмутро ишғол кунад. Ӯ рӯзи 5 май дар саҳифааш дар Телеграм навишт, “барои ба ин кор даст ёфтан, “Вагнер” бояд ҷангиёнашро, ки дар самтҳои дигари Бахмут меҷанганд, дар як ҷо ҷамъ оварад”.
Вале изҳороти Маляр бо таҳдиди эҳтимолие, ки ахиран раҳбари “Вагнер” Евгений Пригожин кард, дар ихтилоф аст. Ӯ рӯзи 5 май иддао кард, ки ҷангиёнашро аз Бахмут берун мебарад ва бо ин ҳарфаш бори дигар ба идомаи танишҳо бо вазорати дифои Русия дар заминаи камбуди таъминот ва кӯмакҳо таъкид намуд. Дар изҳороти видеоӣ Пригожин гуфт, ки то 10 май ҷангиёнашро аз Бахмут берун мебарорад.
Ӯ гуфт: “Қарор буд мо то 9 май Бахмутро ишғол мекардем, вале бюрократҳои низомии дурӯғин, ки дар ин бора хабар доранд, моро аз дастрасӣ ба муҳимот маҳрум карданд”.
Ҳафтаи ҷорӣ Кохи Сафед гуфт, аз декабр то имрӯз Русия дар ҷанг зидди Украина 100 ҳазор талафот додааст ва ин омор ҳам кушта ва ҳам маҷрӯҳшудаҳоро дар назар мегирад. Ин омор, ба қавли манбаъ, 20 ҳазор нафари дар ҷангҳо кушташударо ҳам дар бар мегирад, ки нисфи онҳоро ҷангиёни “Вагнер”-ро ташкил медиҳанд. Ҷон Кирби, сухангӯи Кохи Сафед 2 май гуфт, “аксари онҳо зиндониҳое мебошанд, ки дар ҷангҳои Бахмут кушта шуданд”.
Изҳороти Пригожинро на Кремлин ва на вазорати дифоъ шарҳ надодаанд.