Дар Фархор даъво сари роҳ ҳамаро безор кардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як қитъаи роҳ дар ноҳияи Фархор ҷанҷолӣ шудааст, ки баҳси онро на додгоҳ ва на раиси ноҳия натавонистаанд ҳал кунанд. Ин роҳро як сокини деҳа замини худ дониста бастааст, вале аҳолии деҳа алайҳи ӯ шуридаанд. Ба гуфтаи сокинон, ин роҳ рафтуои онҳоро ба мактабу маркази деҳа наздиктар мекунад.