Роҳи хатарноки муаллимони афғон ба мактаб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, яке аз вилоятҳои ноамни кишвар гуруҳе аз муаллимон ҳар руз бояд аз роҳи хатарноке бигзаранд, то ба шогирдонашон дарс бигуянд. Роҳашон ҳам аз як рӯдхонае мегузарад, ки на пуле дорад ва на ҷойи камобе, то аз онҷо убур карда ба мактаб бирасанд.