Бемории сил дар Тоҷикистон ақибнишинӣ кардааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши гирифторони бемории сил дар кишвар хабар доданд. Мавзуи табобат ва пешгирӣ аз сирояти сил дар як ҳамоише дар Душанбе баррасӣ шуд. Мақомот аз пешрафтҳое дар мубориза бо сил гуфтанд ва таъкид карданд, ки дар 10 соли ахир гирифторӣ ба беморӣ се баробар кам шудааст.