Малах деҳқонони Фархорро ба дод овардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар ноҳияи Фархор, ҷануби Тоҷикистон малах ба киштзорҳои деҳқонон ҳамла кардааст. Мардум метарсанд, ки ҳашароти зиёновар, ҳосили зироаташонро нобуд мекунад. Онҳо мегӯянд, наандешидани чораҳои зарурӣ барои маҳви тухми малах сабаби омадани ин бало ба сарашон шудааст.