Аксари хонаводаҳо аз Бахмути Украина чанд моҳи пеш, замони авҷ гирифтани хушунатҳо берун шуданд. Ҳоло онҳое ҳам, ки аҳд карда буданд, то охир дар зодгоҳи худ мемонанд, маҷбур ба тарки он шудаанд.
Ҷанги Бахмут тӯлонитарин ва хунинтарин ҳамлаи Русия ба Украина аст. Бисёри сокинони он кайҳо хонаву шаҳри худро тарк кардаанд. Ҳоло сарбозон хонаводаҳоеро наҷот медиҳанд, ки ба хотири муҳаббат ба ватан ва тарс аз бесарпаноҳиву фақр дар ин шаҳр монда буданд. Оилаҳое, ки фирор кардаанд мегӯянд, феълан маълум нест чанд каси дигар он ҷо боқӣ мондаанд.
Наталя ҳам, ки чанде пеш аз Бахмут фирор кард, мегӯяд, "Мо ҳама вақт дар паноҳгоҳи зери заминӣ будем, аз ин рӯ намедонем, ки дар он ҷо боз кӣ мондааст. Шояд дар дигар кӯчаҳо одамон бошанд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кормандони имдодии Бахмут мегӯянд, мардуми фирорӣ қабл аз интиқолашон ба макони амнтар, муваққатан дар кӯдакистони собиқе дар Костянтиновка панаҳ мебаранд . Ин шаҳр, тақрибан 30 километр дуртар аз Бахмут аст ва пайваста мавриди ҳамла ва тирпаронӣ қарор мегирад.
Бахмут, ки аз соли 2014 дар гирдоби ҷанг аст ва ҳоло ба маркази даргириҳо дар Украина табдил ёфтааст, замоне хонаи беш аз 70 000 украинӣ буд. Ин шаҳрро, чун макони истеҳсоли намак, шароби газдор ва табиати зебояш мешинохтанд. Анна Шербак, намояндаи созмони хайриявӣ дар Украина, аз Бахмути пешина ба ёд оварда гуфт: “Шаҳри сабзу дилрабо ва зебо буд. Ҳар як кӯчаи Бахмут ғарқи гулу дарахтон буд. Як хонаи бузургеро мемонд. Хонаи иборат аз оилаи калоне, ки ҳама якдигарро дӯст медоштанд”
Тарк кардани сарзамине, ки чанд насл он ҷо зиндагӣ кардааст, барои аксарият сокинони Бахмут тасаввурнопазир буд, аммо дар ниҳоят онҳо маҷбур шуданд, фирор кунанд. Баъзеҳо ҳатто имкон наёфтанд, пайвандони дар ҷанг кушташудаи худро ба хок супоранд. Мисли Светлана, ки мегӯяд, натавонист ҷасади наздиконашро пайдо кунад. “Вақте моро тирборон карданд, ҳама чиз вайрон шуд. Барои наҷоти сагамон, ки зери харобазор монда буд, ду соат лозим омад. Аммо барои пайдо кардани ҷасади домоду ҷиянам техникаи вазнин лозим буд”. – гуфт, вай.
Дар моҳҳои охир Русия ба оҳистагӣ минтақаҳои бештари ин шаҳрро тасарруф мекунад. Мақомоти Украина мегӯянд, ҳифзи Бахмут барои нигаҳдории рӯҳияи миллат ва пирӯзии дарозмуддат аҳамияти стратегӣ дорад.