Дар Рӯзи озодии баён дар Душанбе чӣ гуфтанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафири Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, аз хабарнигорон пуштибонӣ кунад. Изҳороти Мануэл Микаллер 3-юми май дар нишасте бахшида ба рӯзи озодии сухан дар Душанбе садо дод. Вай аз боздошту зиндонӣ шудани чанд рӯзноманигори тоҷик дар соли гузашта ибрози нигаронӣ кард.