Кумакхоҳии муҳоҷир барои берун шудан аз Луҳански ишғолшуда.ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷирони дармонда дар Украина чӣ кор мекунанд?

Муҳоҷири Қирғизистоние, ки соли гузашта барои кор аз Русия ба минтақаи ишғолшудаи Луҳанск рафтааст, акнун наметавонад ба Маскав ва аз онҷо ба Қирғизистон баргардад. Мақомоти Русия номи ӯро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд.

Агар ба мақомоти Украина таслим шавад, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мегардад. Қаблан хабарнигорони мустақил гуфта буданд, ки Русия муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро барои корҳои сохтмонӣ дар манотиқи ишғолшуда ҷалб мекунад.

Муҳоҷири қирғизистоние, ки худро Азамат муаррифӣ кард, дар суҳбат бо лоиҳаи Мигрант -медиа гуфтааст, дар наздикии гузаргоҳи Маркино, воқеъ дар марзи Русияву Украина дармондааст. Ба қавли ӯ марзбонони рус барояш иҷозаи убур аз гузаргоҳро надоданд.

"Ман пештар дар Маскав кор мекардам. Ба Луҳанск барои ба даст овардани даромади иловагӣ ва кор дар сохтмон омадем. Бачаҳое, ки ҳамроҳи ман омада буданд, бемушкил равуо доштанд. Аз сабаби он ки мӯҳлати шиносномаам ба охир мерасад, хостам тавассути Русия ба Қирғизистон баргардам. Аммо нагузоштанд ки аз сарҳад гузарам. Гуфтанд, номам дар феҳристи сиёҳ аст. Маълум шуд, ки онҳо санаи таваллуди маро нодуруст навиштаанд. Боз гуфтанд, ки бояд патент дошта бошам. Аммо барои қирғизҳо патент даркор нест. Онҳо гуфтанд, ки ман худам бояд тариқи Вазорати корҳои дохилӣ масъаларо аниқ кунам.”—гуфт, Азамат, муҳоҷири қирғиз.

Марзбонони рус ба Азамат як коғази Вазорати корҳои дохилии Русияро додаанд, ки дар он гуфта мешавад, вуруди ӯ ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст. Ба ин муҳоҷир ҳамчунин ҳушдор дода шуд, ки дар сурати омадан ба Русия, ба ӯ ҷарима ба маблағи 300 ҳазор рубл ё иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ва ё 4 соли зиндон таҳдид мекунад. "Ман то ҳанӯз намефаҳмам, ки чаро чунин ҳолат пеш омадааст. Ман қонуншикание накардаам.” - мегӯяд, муҳоҷири қирғиз.

Азамат аз моҳи декабри соли гузашта дар қаламрави аз сӯйи Русия ишғолшудаи Украина қарор дорад. Ба гуфтаи ин муҳоҷир, ҳамроҳ бо ӯ як гурӯҳи 30-нафараи қирғизистониён аз Русия ба Луҳанск омадаанд. Дар шаҳрҳои харобшуда онҳо ба корҳои сохтмонӣ машгул буданд, вале шартномаи расмӣ надоштанд.

Азамат афзуд: "Мо бо маслиҳати як дӯстамон омадем, бинобар ин медонистем, ки ба ёрии ширкат умед баста наметавонем. Рӯзи дуюми май мӯҳлати шиносномаи ман ба охир мерасад. Ман мехостам аз ин ҷо биравам. 20 рӯз мӯҳлат доштам. Аммо бо гузашти вақт рӯзҳо камтар мешавад. Агар мӯҳлат тамом шавад, намедонам ҳоли ман чӣ хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи ин муҳоҷир, ӯ ба сафорати Қирғизистон дар Маскав нома навишта, кумак хостааст. Аммо аз намояндагии дипломатӣ то кунун посух нагирифтааст. Талоши хабарнигорони лоиҳаи “Мигрант медиа” ҳам барои дарёфти посухи Сафорати Қирғизистон дар робита ба ин қазия беҷавоб монд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав мегӯянд, роҳҳои кӯмак ба ин шаҳрванди Қирғизистонро ҷустуҷӯ доранд. Аниса Жээнбекова, ҳомии ҳуқуқи қирғизистонӣ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, муҳоҷирони саргардон ҳоло ду роҳ доранд.

"Якум, таслим шудан ба мақомоти Украина. Аммо дар ин ҳолат муҳоҷирро барои ҳузураш дар минтақаи ишғолшуда метавонанд 20 сол зиндонӣ кунанд. Роҳи дуюм дипломатӣ аст. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бояд аз ҷониби Русия барои берун шудан долонро дархост намоянд. То ҷое, ман медонам, чунин музокирот идома дорад. Ман бори дигар аз муҳоҷирон даъват мекунам, ки ба он ҷо нараванд. Зеро хатарнок аст. Дар ин қалмарав қонунҳои Русия амал намекунад, чунки ҳудуди кишвари дигар маҳсуб меёбад. Шумо бояд дар бораи ҳаёт ва ояндаи худ фикр кунед!” – афзуд, ҳуқуқшинос, Жеэнбекова.

То кунун омори дақиқи қирғизистониҳое, ки дар минтақаи ишғолшуда кор мекунанд, мавҷуд нест. Ин рақам шояд садҳо ва ҳатто ҳазорҳо нафарро ташкил диҳад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бо вуҷуди хатарҳои зиёд ва ҳушдорҳои онҳо, бисёре аз муҳоҷирон то ҳол барои кор ба қаламравҳои ишғолшудаи Украина мераванад.