Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғро, ки шаби 27-уми апрел кушта шуд, дар ноҳияи Темурмалик дафн кардаанд.
Дӯстонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими видоъ бо ӯ нисфирӯзии 28-уми апрел дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор шуд ва сипас ҷасадашро барои дафн ба Темурмалик интиқол доданд. Ҷасади ӯро аз Хоруғ ба Душанбе тариқи чархбол интиқол додаанд.
“Саидмӯъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон дар маросими ҷаноза ширкат дошт ва аз ҷасорати зердасташ тавсиф кард,”—гуфт, яке аз дӯстони Комрон Раҷабзода, ки дар ин маросим ширкат кардааст.
Мақомот ҳанӯз марги Комрон Раҷабзодаро тасдиқ накардаанд, вале ду манбаи аз ҳам ҷудо рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ дар ҳодисаи шаби 27-уми апрел ҷон бохтааст.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хабар доданд, ки дар як даргирии нерӯҳои давлатӣ ва қочоқбарон дар вилояти Бадахшон шаби гузашта як низомӣ кушта шудааст, аммо аз касе ном нагирифтанд.
Хабаргузори расмии "Ховар" навишт, ки "шаби гузашта гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар… хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми "Тишор"-и Отряди сарҳадии "Хоруғ" убур намуданд."
Ба иттилои расмӣ, қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор карда, се ҳамкори тоҷикистонии онҳо кушта шудаанд.
Комрон Раҷабзодаи 33-сола соли 2021 ба мақоми раиси Шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда будааст. Аз ӯ се фарзанд мондааст.
Дӯстонаш аз ӯ як “ҷавони ватандӯст ва сарсупурдаи ватан” ном бурданд.
Мухолифон ӯро яке аз фаъолоне ном бурданд, ки дар саркӯби эътирозгарон дар тирамоҳи соли 2021 ва тобистони соли 2022 дар шаҳри Хоруғ даст доштааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сардори шуъбаи КДАМ дар Хоруғ "кушта шудааст"