Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз ба суханҳои моҷаробарангези дипломати Чин дар Фаронса вокунише накардаанд, вале аз дидгоҳи сиёсатмадори тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, изҳориназарҳои дипломати чинӣ дар бораи мақоми ҳуқуқии байналмилалии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ “баёнгари бесалоҳиятии ӯст”.
Изҳороти дипломати чинӣ дар бораи мақоми баҳсбарангези ҳуқуқии ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ хашму эътирози як қатор ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро барангехт. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол мақомоти Қазоқистон ба ин изҳорот вокуниш кардааст. Мавқеи давлати Тоҷикистон маълум нест.
Рӯзи 21-уми апрел сафири Чин дар Фаронса Лу Шае дар як мусоҳибааш бо LCI - шабакаи телевизионии Фаронса гуфт, ки кишварҳои баъди пошхӯрии СССР зуҳуркарда “бар асоси қонунҳои байналмилалӣ мақоми амалие надоранд, чунки ҳеҷ созиши байналмилалие вуҷуд надорад, ки мақоми мустақили ин кишварҳоро тасдиқ кунад.” Русия бо чунин баҳонаҳо феврали соли 2022 ҳуҷумаш ба хоки Украинаро тавҷеҳ карда буд. Украина ҳам як бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Рӯзи 24-уми апрел зоҳиран вазорати корҳои хориҷии Чин ақибнишинӣ кард ва аз забони сухангӯи ин ниҳод Мао Нин гуфт, ки Чин мақоми соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро эҳтиром мекунад. Вале ин изҳорот танҳо каме вазъро ором кард ва баъди ин бархе давлатҳои аврупоӣ ҳам вокуниш карданд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки аз суханронии сафири Чин дар Фаронса аз хабарҳо огаҳ шудааст, дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми апрел гуфт, бояд ба назарҳои сафири Чин аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ мутаваҷҷеҳ шуд. Ӯ гуфт: “Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун субъекти геополитикӣ ва шартҳои таъсиси кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар натиҷаи он ба вуҷуд омаданд ва яке аз стратегияи он эътирофи тамомияти арзӣ ва якпорчагӣ аст. Ва ҳамзамон бо риояи тартиби муқарраршуда тариқи порлумони кишвар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҳам ҷиҳати эътироф шуданашон ба Шӯрои амнияти СММ ва ба маҷмааи кулии СММ муроҷиат карданд ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шуданд. Аз ин хотир, он сафир ё сатҳи донишаш ҳамин хел буд ё ҳамингуна дастур дошт”.
Ба қавли ин ҳуқуқдони тоҷик, “сафир аз пеши худ дар шароити Чин ҳақи гуфтанро надорад, аслан ин одоби дипломатия аст”. Ӯ афзуд, “вай бесалоҳиятӣ зоҳир кард ва аз ҳуқуқи байналмилалӣ ноогоҳ буданашро низ ошкор намуд”.
Литва, Латвия ва Эстония дар вокуниш ба изҳороти сафири Чин дар Фаронса сафирони Чин дар кишварҳои худро фаро хонданд. Рӯзи 24-уми апрел зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо раҳбари сиёсати хориҷии Литва Габриелиус Ландсбергис гуфт, ки ҳадаф аз даъвати вазирон шунидани шарҳи ин буд, ки “оё мавқеи Чин дар заминаи истиқлолият тағйир ёфтааст ва ёдовар шудан аз он ки мо кишварҳои пасошӯравӣ нестем, балки кишварҳое мебошем, ки ғайриқонунӣ аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ ишғол шуда будем.”
Кишварҳои назди Балтика гуфтанд, ки пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо кишварҳои мустақил буданд ва вақте ин давлат таъсис шуд, хоки онҳоро ишғол кард. Баъди пошхӯрии шӯравӣ ин давлатҳо гуфтанд, ки онҳо зуҳур накардаанд, балки истиқлолияти худро дубора ба даст оварданд.
Дипломати эстониягӣ Маргус Тсахна гуфт, се кишвари назди Балтика узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мебошанд ва ҳамин чиз мақоми мустақилияти онҳоро тасдиқ мекунад. Ӯ гуфт, “мо аз ин эълон норозӣ ҳастем” ва изҳори умедворӣ кард, ки сафирони чинӣ ин изҳоротро шарҳ медиҳанд. Ландбергис афзуд: “Онҳо дар масъалаи сарҳадҳо ва тамомияти арзии кишварҳо шубҳа кардаанд. Чунин гапҳоро мо аз Маскав ҳам шунидаем.”
Молдова гуфт, ки изҳороти Лу “комилан ғайри қобили қабул аст” ва ин кишвар ҳам аз Пекин тақозо мекунад, ки мавқеашро шарҳ диҳад. Айбек Смадияров, намояндаи расмии ВКХ-и Қазоқистон рӯзи 24-уми апрел гуфт, "Қазоқистон 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқи СММ гардид. Қарор дар бораи узвият ба ин созмон аз ҷониби Маҷмаи кулл бар асоси тавсияи Шӯрои амният, ки Чин узви доимии он мебошад, қабул мешавад. Баъди эълони истиқлолият 16-уми декабри соли 1991 Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари моро эътироф кард”.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех Ян Липаски ин суханрониро “ғайри қобили қабул” номид ва дипломати аршади аврупоӣ Жозеп Боррелл гуфт, ки ин мавзӯъ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.