Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Украина, қиссаҳои ғамангези инсонҳои одӣ аз онҷо ҳарчӣ бештар мешавад.
Мисли қиссаи Олександр Радчуки наврас, ки як сол пеш ӯ ва хоҳарашро нерӯҳои Русия аз модараш ҷудо карданд. Танҳо ба бибияш муяссар шуд, баъди талошҳои зиёд ӯро ба назди худ биёраду нагузорад, ба ятимхона супоранд. Аммо Олександри 12-сола ҳанӯз дар интизори модараш, Снежана аст, ки як сол мешавад, надидааст.
"Пеш аз оғози ҷанг бо модару хоҳарам дар Мариупол зиндагӣ мекардам. Рӯзҳои аввали ҷанг тарснок буд. Чизу чораамонро гирифта дар таҳхона меистодем. Обу ғизои бисёр кам доштем. Сарбозони украинӣ ба мо кумак карданд,"--гуфт, Олександр.
Як рӯз порчае аз тир ба чашми Олександр хӯрд. Модараш барои муолиҷа ба шифохонаи низомии корхонаи оҳангудозии Илич бурд. Пас аз ду ҳафтаи табобат дар онҷо низомиёни рус корхонаро муҳосира карданд. Ӯ ва модарашро асир гирифтанд ва аз ҳамдигар ҷудо сохтанд.
"Ман чанд анборро дидам, сард буданд. Бадани ману модарамро тафтиш карданд. Сипас модарамро ду соат бозпурсӣ карданд. Ман ҳамонҷо мунтазири модарам мондам. Ӯро ба наздам оварданд. Баъдан кормандони хадамоти нигоҳубини кӯдакони Новоазовск омаданд. Гуфтанд, ки маро аз дасти модарам мегиранд. Ҳатто нагузоштанд, ки хайрухуш кунам. Як соли тамом аст, намедонам, модарам куҷост. На дидамаш ва на шунидамаш,"--нақл кард, навраси украинӣ.
Олександр илоҷе карда, ба бибияш занг задааст. Людмила Сирюк, ки дар Чернигов, шаҳри зери назорати Украина зиндагӣ мекунад, барои бозгардонидани наберааш ду моҳ санад ҷамъ овардааст. Ҳарчанд ба ӯ гуфтаанд, ба Мариупол наравад.
Людмила гуфт: “Ба ман мегуфтанд, онҷо ҷангу тирандозӣ аст, вале ман чӣ кор карда метавонистам. Бачаи ман онҷост. Ғами ӯро кӣ мехӯрад? Ҳарчӣ нашавад, ман меравам, писарамро меорам. Гуфтанд, наметарсӣ, гуфтам, аз кӣ битарсам?"
Ин зан 5 000 километр масофа тай карда, аз қаламрави 5 кишвар гузашта, ба дидори наберааш расидааст. Ҳоло Олександр бо ӯ дар шаҳри Чернигов зиндагӣ мекунад ва ба мактаб меравад. Як чашмаш тақрибан нобиност. Ба ӯ гуфтаанд, ки дигар чашмаш намебинад.
Вика, хоҳари Олександ бо бибиву бобои падариаш дар Мариупол будаанд. Олександр ва бибияш то кунун натавонистаанд, бо онҳо иртибот бигиранд. Аз сарнавишти модараш ҳам хабаре нест.