Панҷ кишварро гашт, то набераашро пайдо кунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Украина, қиссаҳои ғамангези инсонҳои оддӣ аз онҷо ҳарчӣ бештар мешавад. Мисли қиссаи Олександр Радчуки наврас, ки як сол пеш ӯрову хоҳарашро неруҳои Русия аз модараш ҷудо карданд. Танҳо ба бибияш муяссар шуд, ӯро ба назди худ биёраду нагузорад, ба ятимхона супоранд.