"Барои дастархони идона маоши миёна кофӣ нест." ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархҳо дар остонаи ид сокинонро ба танг овардааст

Сокинон мегӯянд, барои таҳияи дастархони одии идона дар Тоҷикистон як моҳа маоши миёна кифоят намекунад.

Нархи молу маҳсулот мисли солҳои қабл дар арафаи Иди Фитр боло рафтааст ва ба гуфтаи сокинон, барои дастурхони оди бештар аз ҳазор сомонӣ лозим аст. Маблағе, ки тақрибан баробар ба маоши миёна дар Тоҷикистон аст.

Марям Давлатова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми апрел мехост барои дастархони идонааш себу мандарин харад. Вале пас аз дидани нархҳо мегӯяд, зураш намерасад ва аз хариди баъзе маҳсулот маҷбур аст худдорӣ кунад.

“Як кило мандаринро 40 сомонӣ мегӯянд. Ин гарон аст. Ҳама чӣ қимат. Чӣ кор кунем? Иди Рамазон. Себ гуфтам мегирам, лекин як кило себ 10-12 сомонӣ. Қимат аст. Дигар чизе ба ман даркор нест. Барои ид як чойнак чой ва чор нон кифоя, ҳама қимати заҳр,”--афзуд, ӯ.

Масъулини бозор бар ин назаранд, ки қимати маҳсулоти ватанӣ, ба мисли пиёзу картошка, гарон нашудааст.

Нусратулло Раҳматшоев, масъули бозори “Саховат”-и Душанбе, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамон маҳсулотҳое, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, камтар баландшавӣ ба чашм мерасад, аммо маҳсулоте, ки дар худи Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, аз он ҷумла пиёзу картошка болоравии нарх ба назар гирифта нашудааст. Гушт ҳаст, арзон, нархи пештарааш барин, орд пасттар шудааст.”

Рӯзи 19-уми апрел дар бозорҳои Душанбе нархи як кило гушт аз 55 то 72 сомонӣ, шакар 11,50-12 сомонӣ, 5 литр равған 88 сомонӣ ва дар баъзе фурушгоҳҳо аз ин ҳам болотар нархгузрӣ шудааст. Сокинон ба арзиши помидору бодирин бештар таваҷҷӯҳ мекарданд ва мегуфтанд гарон аст. Помидор бо арзиши аз 10 то 30, бодиринг бо нархи 10-12 сомонӣ ва вобаста ба сифат аз ин ҳам гарон ба савдо гузошта шудааст.

Бо вуҷуди талошҳои ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо бо ташкили ярмаркаҳои фурӯши маводи ниёзи аввалия дар назди бозорҳо, сокинон аз болоравии нархҳо шикоят доранд.

Баъзе тоҷирон мегӯянд, омодаанд гузашт кунанд.

Тоҷир Маъруф Сафаров рӯзи 19-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳсулоташро то 2-3 сомонӣ арзон мекунад: “Харидорон мепурсанд, ки арзон кунед, гарон аст нарх. Чизе, ки хариданӣ бошанд арзонтар карда медиҳем. 20 сомонӣ фурухта истода бошем, 18-19 сомонида медиҳем.”

Бархе аз сокинон аз болоравии нархҳо хабар медиҳанд, бархеи дигар ба мисли Саодат Солиҳова қимати маҳсулотро дастрас медонанд.

“Ҳамаи чиз ҳаст. Қимат нест. Раҳмат. Мардуми тоҷик аслан дар иди Рамазон ва аслан дар ҳар ид дастархон меороянд. Ба миқдори даркорӣ, чизе ки даркор аст. Зиёдатӣ намехарем”-гуфт, Саодат Солиҳова, сокини Душанбе.

Бо наздик шудани иди Рамазон дар ин чанд рӯзи ахир сокинон аз дигар минтақаҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки болоравии нархи маҳсулотро мушоҳида кардаанд.

Сокинони Тоҷикистон ҳар сол аз афзоиши нарх дар моҳи Рамазон ва дигар иду айём гила мекунанд.

Бархе харидорон тоҷиронро барои ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо гунаҳкор мекунанд, вале тоҷирон мегӯянд, ки онҳо бояд аз савдо фоида ба даст оранд.

Ба иттилои сомонаи “Азия плюс “, ки бо такия ба нишондодҳои Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар додааст, дар моҳи март нархи маҳсулоти хурока 1,7 дарсад ва аз оғози сол 3 дарсад боло рафтааст.