Шаҳри Норак ба қадри кофӣ дар буҷаи Хатлон пул нарехтааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳри Норак, ки макони неругоҳҳои барқи обии Норак ва Бойғозӣ мебошад, соли гузашта ҳам натавонист, нақшаи супурдани андоз ба буҷаи вилояти Хатлонро иҷро кунад. Буҷаи ин шаҳри саноатии Тоҷикистон то соли 2015 бо кӯмаки давлат таъмин мешуд, вале ҳафт соли охир аз ин имтиёз бебаҳра мондааст.