Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат чӣ дар дохил ва ё хориҷ омодагӣ мегиранд. Сокинони Душанбе ба куҳу манотиқи дидании куҳистон мераванд ва иддае ҳам ба Туркияву Дубаю агар сарватмандар бошанд, ба Аврупову дуртар аз он ҳам.
Бо назардошти ин хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар зиндагӣ аз миёни се чиз кадомеро интихоб мекунанд: “Ишқу муҳаббат, сайру саёҳат ва ё пул”.
Посухҳои ҷолибе гирифт ба мисли инҳо:
“Ишқу муҳаббат бошад, ҳамааш мешавад. Бо пул хушбахтиро харида намешавад.”
“Маблағ бошад, сарват бошад, сайру саёҳат ҳаст. Дар ин замону дар ин шароит ягон кас бе маблағ намешавад. Агар камтар ҳаракат кунед, маблағ пайдо мешавад ва сайру саёҳат ҳам.”
“Сайру саёҳатро интихоб мекунам, чунки пул тамом мешавад, сайру саёҳат дар хотир мемонад. Бо мерӣ яки аз раҳ меёбӣ.”
“Агар ишқу муҳаббат дошта бошӣ, пул пайдо мешавад ва меояд.”
“Ман худам пули зиёдро нағз намебинам. Бошад, кам бошад.”
“Ба фикрам мо ишқу муҳаббатро интихоб мекунем. Ишқи фарзандҳо, хонаву дар, ҳамин. Пул чӣ даркор аст, охир. Пулам дидем, пир шудем дигар. Ба мо пул даркор нест, дигар.
“Ишқу муҳаббат бошад, дигар ҳамааш мешавад. Якҷо сайру саёҳат мекунед. Ба фикри ман асос дар зиндагӣ ишқу муҳаббат аст.”
“Аз пул ин қадар хушбахт намешавем. Беҳтар аз бо оиламон ягон ҷо равем ва вақтро хуш гузаронем. Ин аз пул беҳтар аст. “
Посухҳои ҷолиби хурду бузургро дар ин видео бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад