Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар номае ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро фавран озод кунанд. Номаро рӯзи 11-уми апрел фиристодаанд.
Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯ ва писари як фаъоли мухолифон, моҳи январи имсол аз Олмон ронда ва, ба қавли пайвандонаш, дар Тоҷикистон "боздошту зиндонӣ шуд".
Созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ бовар дорад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро барои робитааш бо Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ нишон гирифтаанд. Падараш Шамсиддин Саидов яке аз масъулони ин ҳизб аст.
Муаллифонаш гуфтаанд, "аз шумо мехоҳем, барои ҳар чи зуд ошкор кардани макони Абдуллоҳи Шамсиддин чораҳои зарурӣ биандешед. Замонат бидиҳед, ки ӯ шиканҷа намешавад ва метавонад бо аъзои оилааш суҳбат кунад."
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар охири моҳи марти имсол хабар дод, ки додгоҳе дар Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро ба 7 сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд, вале Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин "ба даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" гунаҳкор шудааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, мурофиа рӯзи 28-уми март баргузор шуд, вале "ба меъёрҳои мурофиаи одилона ҷавобгӯ набуд."
Наздикону дӯстонаш ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон борҳо озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карда, ихроҷашро аз Олмон, ки аз соли 2009 дар он ҷо мезист, танқид намудаанд.