Дар Русия даъвати муҳоҷирон ба ҷанг авҷ гирифтааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даъвати зодагони Осиёи Марказӣ дар Русия ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанги Русия тайи моҳҳои охир бештар шудааст. Баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, пештар чунин даъват танҳо дар “Маркази Сахарово” ва зиндонҳои Русия ҷараён дошт, ҳоло ба масҷиду ҷойи кор ва хобгоҳҳо “кӯчида”.