Сафири Арабистони Саудӣ дар Яман рӯзи душанбе гуфт, ки барои идомаи оташбас ва оғози гуфтугӯҳои сиёсӣ бо Ҳусиҳо (гурӯҳи ҳоким бар пойтахти Яман), ба Санъо сафар карда буд.
Муҳаммад бин Ҳасан Ал-Ҷобир рӯзи якшанбе ҳамроҳ бо намояндагони Салтанати Уммон бо мақомоти баландпояи гурӯҳи шӯришгари Ҳусӣ дидор карданд.
Муҳаммад бин Ҳасан Ал-Ҷобир дар Твиттер навишт, "ман ба ҳамроҳи намояндагони кишвари бародари Уммон барои идомаи оташбас ва барқарории сулҳ, аз Санъо дидан кардем".
Ин дипломати Арабистони Саудӣ дар идома гуфт, хостори "табодули зиндониён ва баррасии макони гуфтугӯи ҷонибҳои яманӣ барои даст ёфтан ба як роҳи ҳалли сиёсии фарогир ва пойдор шудааст".
Боздиди ҳайати намояндагони Арабистони Саудӣ бахше аз талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг миёни шӯришиёни Ҳусӣ ва эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ аст, ки аз ҳукумати Яман ҳимоят мекунад.
Созиши оташбас, ки тақрибан як сол қабл ба ҳолати иҷро даромад, оташи ҷанг дар Яманро ба таври чашмрас фурӯ нишонд ва ҳарчанд муҳлати он дар моҳи октябри соли гузашта тамом шуд, аммо тарафҳо то ҳадди зиёде худро ба он пойбанд донистанд.
Як масъули ҳукумати Яман ба шарти ошкор нашудани номаш ахиран ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, саудиҳо ва ҳусиҳо дар умум дар бораи як оташбаси шашмоҳаи нав ба созиш расидаанд, то имкони гуфтугӯ барои "як давраи интиқолӣ"-и дусола фароҳам шавад.
Расонаҳои тарафдори гурӯҳи Ҳусӣ рӯзи якшанбе аксҳое аз даст додани Муҳаммад бин Ҳасан Ал-Ҷобир бо Маҳдӣ Ал-Машшот, раҳбарии сиёсии шӯришиёнро нашр карданд.
Мақомоти Арабистони Саудӣ то кунун аз шарҳи ҷузъиёти нишасти Санъо худдорӣ кардаанд.
Пойтахти Яман дар соли 2014 ба дасти шӯришиёни ҳусӣ афтод. Ин гурӯҳ аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст ва ҳамин амр Арабистони Саудиро водошт, то дар соли 2015 бо ташкили эътилофи низомӣ, ба ҷанги ҳусиҳо биравад.
Созиши таърихии моҳи гузашта миёни Эрон ва Арабистони Сауди барои эҳёи робитаҳои дипломатӣ бо якдигар, умедҳо барои поён додан ба ҷанги Яманро, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар шуд, афзоиш додааст.