Ташвиши сокинон аз коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин рафтани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд.