"Қурби рубл поин шуд, сатҳи зиндагии мо ҳам." ВИДЕО

Як нуқтаи "Амонатбонк"

"Агар ин тавр давом ёбад, намедонем, чӣ кор мекунем. Қурби рубли русӣ ҳар чи қадар поин равад, зиндагии мо ҳамон андоза бад мешавад."

Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, хабари босуръат поин шудани қурби рубли русиро шунид ва нигаронияш афзуд. Ду писараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд ва ҳар моҳ барои чархондани зиндагии оила ба ӯ рубл мефиристанд.

"Онҳо рубл мефиристанд, дар бонкҳои Тоҷикистон ба мо сомонӣ медиҳанд. Қурб поин рафт, масалан, як халта орд барбод меравад. Агар қурб баландтар аст, як халта орд зиёдтар мегирем. Ё равған. Нафақахӯр ҳастам, ҳаққи бознишастагӣ намерасад, аз ҳисоби бачаҳо зиндагӣ мекунем," – нақл кард ӯ рӯзи 10-уми апрел.

Зайниддин Убайдуллоев, сокини ноҳияи Варзоб

Қурби рубл дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон поин рафта, рӯзи 10-уми апрел ҳазор рубл ба 134 сомонӣ баробар шуд. Дар баъзе аз бонкҳо 132 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Як ҳафта пеш ҳазор рубл 141 сомонӣ арзиш дошт.

Зуҳро Сайдалиева, сокини шаҳри Бохтар, ба наздикӣ аз Русия баргаштааст. Мегӯяд, "вақте қурби рубл поин рафт, ҳам ба хонаводаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон ва ҳам ба худи онҳо дар Русия мушкил мешавад. Нархи патент, иҷораи манзил ва ҳуҷҷатгузории дигар меафзояд."

Масъулони чанде аз бонкҳо нахостанд, дар рӯбарӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳанд.

Афзоиши маҳсулоти воридотӣ ва коҳиши содирот, кам шудани фурӯши асъори хориҷӣ ва аз кишвар берун рафтани асъор аз сабабҳои заиф шудани арзиши рубл гуфта мешавад. Аз бозори Русия рафтани ширкатҳои хориҷӣ, ки ба асъор эҳтиёҷ доранд, низ ба ин вазъият таъсиргузор шудааст.

Баҳром Шарифов, таҳлилгари иқтисодӣ, мегӯяд, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба коҳиши қурби рубли русӣ таъсир гузошт: "Нафтро ба Ҳиндустон ва Чин медиҳанд. Агар нарх дар бозор 60-70 доллар аст, ба онҳо бо сабукӣ мефурӯшанд. Яъне, даромади асъори хориҷӣ ба Русия кам шуда, талабот ба доллар афзудааст. Қадри доллар боло шуд, рубл поин меравад."

Баҳром Шарифов, таҳлилгари иқтисодӣ

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ карданд ва он замон қурби рубл ба таври назаррас поин фаромад, вале дертар каме "ҷон" гирифт. Ҳоло дигарбора рӯ ба поин ниҳода.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд ва ин кишвар яке аз манбаъҳои асосии даромади хонаводаҳо ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳар тағйир дар арзиши рубл ба вазъи зиндагии онҳо таъсир хоҳад гузошт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ташвиши сокинон аз поиншавии қурби рубл дар Тоҷикистон