Занону кӯдаконеро, ки аз Сурия оварданд, ба наздиконашон "супурдаанд". ВИДЕО

Аз Сурия 146 зану кӯдаки тоҷикро оварданд

Занону кӯдаконеро, ки аз Сурия ба Тоҷикистон оварда буданд, баъд аз ҳашт моҳ ба ихтиёри хонаводаҳояшон додаанд. Мақомот дар ин бора суҳбат намекунанд. Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки кӯдакону занон дар охири моҳи марти имсол ба манзили пайвандон рафтаанд.

146 зану кӯдаки тоҷикро моҳи июли соли гузашта аз Сурия оварда, дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз дар ноҳияи Варзоб ҷойгир карданд. Масъулонаш рӯзи 7-уми апрел ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, занону кӯдаконе, ки аз Сурия оварда шуданд, "дигар инҷо нестанд".

Як масъули маҷмааи сайёҳӣ бе зикри номаш гуфт, 42 зан ва 104 кӯдак рӯзи 20-уми марти имсол ба хонаводаҳояшон супорида шуданд. Ҳамсубати мо чанд аксеро нишон дод, ки занону кӯдакон бо ҳамдигар хайрухуш мекунанд.

"Давоми ҳашт моҳ равоншиносон, адибон ва мутахассисони дигар бо занону кӯдакон кор карданд. Дар асоси хулосаи онҳо занону кӯдаконро ба наздиконашон доданд. Дар хонаҳояшон низ зери назорати мақомот хоҳанд буд," – афзуд ҳамсуҳбати мо дар маҷмааи сайёҳии Кумитаи андоз.

Кӯшиши мо барои суҳбат бо мақомот ва пайвандони кӯдакон бенатиҷа буд. Наздикони яке аз кӯдакон гуфтанд, ба онҳо дастур шудааст, ки дар ин бора бо хабарнигорон суҳбат накунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Кӯдаконро аз Сурия оварданд ва ба наздикон доданд"

Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ду дафъа шаҳрвандони худро овард.

Бори аввал соли 2019 даҳҳо кӯдаку наврасро аз Ироқ оварда, дар осоишгоҳи Харангони Варзоб ҷой доданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, аксари онҳоро ба мактаб-интернатҳо супурдаанд. Давоми чор сол хабарнигорон имкони суҳбат бо онҳоро надоштанд.

Пас аз соли 2014 ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта, ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастанд. Аксари мардон дар ҷангҳо кушта шуда, занону кӯдаконашон сарсон мондаанд. Феълан низ дар ду паноҳгоҳи Сурия ва зиндонҳои Ироқ даҳҳо зану кӯдаки тоҷик ҳастанд.