Макрон: Аврупо дар масъалаи Тайван набояд аз сиёсатҳои ИМА ё Чин пайравӣ кунад

Раисиҷумҳури Фаронса мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо дар муноқиша бар сари Тайван бояд на дунболи сиёсатҳои Амрико биравад ва на Чин. Эммануэл Макрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи маҳаллии Les Echos ва нашрияи амрикоии "Politico" гуфтааст, дар масъалаи Тайван Иттиҳоди Аврупо дар хатари гирифтор шудан дар буҳроне аст, ки "моли мо нест".

Хабаргузории "Франс-пресс" менависад, изҳороти Макрон метавонад хатари озурда шудани Вашингтон ва барҷаста кардани ихтилофи аъзои Иттиҳоди Аврупоро дар рӯёрӯӣ бо Чин дар пай дошта бошад.

Раиси ҷумҳури Фаронса афзуд, "мо бояд огоҳ бошем, ки дидгоҳҳои мо дар куҷо бо Амрико ҳамсонӣ дорад, аммо чӣ дар мавриди Украина, чӣ робита бо Чин ё таҳримҳо, мо як стратегияи аврупоӣ дорем".

Ӯ дар идома гуфт, "мо набояд ба ҷиноҳбандиҳо ворид шавем ва Аврупо набояд даргири беназмӣ ва буҳронҳое дар ҷаҳон шавад, ки моли мо нест".

Изҳороти Макрон дар ҳоле баён мешавад, ки артиши Чин рӯзи шанбе ба размоиши худ, ки қудратнамоӣ дар баробари Тайван ва кишварҳои пуштибони ин ҷазира ба шумор меравад, оғоз кард.

Ба гузориши CNN ва рӯзномаи Guardian, артиши Тайван низ эълон кард, ки 70 ҳавопаймои ҷангии Чинро шиносоӣ кардааст. Ба навиштаи ин расонаҳо, даҳҳо ҳавопаймо аз болои хати марзи обӣ гузашт.

Чин Тайванро ҷузъе аз қаламрави худ медонад ва борҳо эълон кардааст, ки ба ҳар роҳе, ҳатто аз тариқи зӯр онро ба хоки худ ҳамроҳ хоҳад кард. Давлати демократии Тайван ин иддаоро рад карда, мегӯяд, як кишвари мустақил аст.

Пекин ҳамчунин аз мулоқоти ҳафтаи гузаштаи раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико бо раиси ҷумҳури Тайван ба шиддат хашмгин шуда, баъд аз поёни сафари серӯзаи Макрон ба Чин дар рӯзи ҷумъа, фавран ба размоиши низомии густурдаи худ алайҳи Тайванро дар рӯзи шанбе оғоз кард.

Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса пас аз бозгашти оқои Макрон ба Порис эълон кард, ки ӯ дар охирин рӯзи дидор аз Чин, масъалаи Тайванро низ бо раҳбарони Пекин дар миён гузошт ва нисбат ба афзоиши танишҳо дар минтақа ва эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои "даҳшатнок" изҳори нигаронӣ кард.

Макрон дар мусоҳиба бо расонаҳо низ гуфт, "мо набояд ба танишҳо дар буҳрони Тайван доман бизанем, балки бояд барои мустаҳкам кардани мавқеи худ ба унвони қутби севум дар паҳлуи Чин ва Амрико, талош кунем".