“20-25 ҳазор сом мегирифтем, ҳоло 10 ҳазор намешавад”
Мария Тиллобоева ҳар субҳи сешанбе борҳояшро ба таксӣ бор карда, ба бозор меравад. Дар деҳаи Арқаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд зиндагӣ мекунад. Ин деҳа дар сарҳад бо Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳонаи охир дар сарҳад дӯконҳои зиёде дар бозор сӯхта ё ғорат карда шудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, кори бозор идома дорад. Мария Тиллобоева дар онҷо меваю сабзавот мефурӯшад ва аз ин роҳ рӯзгорашро пеш мебарад. Ба гуфтаи вай, пас аз муноқиша савдо якбора кам шуд.
“Пештар ҳам дар инҷо савдо мекардем, арзонтар буд. Ҳоло ҳама чиз гарон аст ва мағозаҳо аз байн мераванд. Пеш аз ҷанг рӯзе ба 20-25 ҳазор сом савдо мекардем. Ҳоло ҳатто 10 ҳазор сом намешавад,” – нақл кард ӯ.
Пеш аз баста шудани марз сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар бозори Арқа тиҷорат мекарданд. Сокинони Қирғизистон ҳар ҳафта рӯзи якшанбе ба бозори калони деҳаи Хистеварзи Тоҷикистон мерафтанд.
“Агар боз оянд, бисёр нағз мешуд”
Роҳатхон, соҳибкоре аз деҳаи Хистеварз, ба мисли Мария Тиллобоева дар бозор савдо мекунад. Даромади ӯ низ аз вазъ дар сарҳад вобаста аст. Мегӯяд, қаблан аз Қирғизистон муштариёни зиёд дошт.
“Аз Ҷигдалик, аз 60-солагӣ, аз болои Дӯстӣ ва Арқа бисёр меомаданд. Савдогарони мо ба бозори Арқа молу маҳсулот мебурданд. Савдо хуб мешуд. Аз Қирғизистон мизоҷони бисёр доштем. Муштариёни хуб буданд ва мо бо ҳам муносибати нағз доштем. Харидори зиёд доштем ва агар боз оянд, бисёр нағз мешуд,” – гуфт Роҳатхон.
Ҳамтояш аз шаҳри Исфара Мирзо Розиқов низ бо ҳасрат аз рӯзҳои осоиштае ёд меорад, ки тиҷорат беҳтар буд ва фоидаи зиёд ба даст меомад: “Солҳои пеш фоидаи зиёд буд. Тавассути Қирғизистон русҳо ва қазоқҳо меомаданд. Баъд аз ҷанҷолҳо марз маҳкам шуд ва савдо суст гашт. Мо тарафдори он ҳастем, ки сарҳад боз шавад ва бародарию баробарӣ бошад, то додугирифт ба мисли пештара хуб гардад.”
“Мо вақтро беҳуда мегузаронем”
Соҳибкори қирғиз Ниёзбек Набиев ҳам аз ҳисоби тиҷорат рӯзгорашро мечархонад. Зиёда аз 25 сол боз дар бозори деҳаи Арқа савдогар аст. Дӯкони ӯ дар ҷараёни даргирӣ сӯхт. Ҳоло дар назди дӯкони сӯхтааш миз ва молҳои заруриро барои рӯзгор ба фурӯш гузоштааст.
Ниёзбек Набиев гуфт: “Пештар савдо буд. Магар ҳоло инро тиҷорат номидан мумкин аст? Мо танҳо вақтро беҳуда сарф мекунем. Ҳоло ба мисли пешина савдо нест. Қаблан, ҳангоми боз будани сарҳад, дар ин ҷо дӯконҳои зиёд, чойхона, ошхона буд ва дар он тараф таксиҳо меистоданд. Ҳангоме сарҳад боз ва оромӣ буд, аз деҳаи мо 100-150 “Спринтер” меомад. Онҳо аз Тоҷикистон мол меоварданд. Ба Қазоқистон мебурданду пул кор мекарданд. Тақрибан 150 нафар бе даромад монданд. Бисёриҳо мошинро фурӯхтанд. Ба Русия рафтанд. Ҳар кӣ ба ҳар коре, ки рост омад, машғул аст. Агар инҷоро барқарор мекарданд, 10-15 ронандаи таксӣ кор карда метавонист. Ҳоло касе ба ин ҷо намеояд.”
Ба бозори деҳаи Арқа тоҷирон аз деҳаҳои Мақсад, Достук, Борбордуқ, Шастсолагӣ ва Кулундуи ноҳияи Лайлак меоянд. Ҳоло сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон афсӯс мехӯранд, ки савдо ба мисли пештара гарм нест. Аз ин на танҳо тоҷирон, балки кишоварзон ҳам зарар мебинанд.
Ду назар аз мақомоти Суғду Бодканд
Масъулони блоки иқтисодии вилояти Суғд мегӯянд, бар асари низоъҳои ду соли охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон гардиши мол миёни ду ҳамсоя тақрибан 20 баробар коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд додугирифтро бо кишварҳои дигари ҳаммарз тақвият додаанд, суст шудани равобити тиҷоратӣ бо Қирғизистон ташвишҳои иқтисодиро дар пай дорад.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Идораи омори Суғд, гуфт: “Содироти молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғд дар соли 2020 ҳамагӣ 46 миллион доллар буд. Соли 2021 ин нишондод 25,1 миллион доллар буд ва дар соли 2022-юм 3,6 миллион долларро ташкил кард. Маълумоти додугирифт дар соли 2019 59,7 миллион долларро дарбар мегирифт”.
Намояндагони Қирғизистон мегӯянд, масъалаи азсаргирии равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Ба қавли Маъруфхон Тулаев, муовини аввали ваколатдори ҳукумат дар Бодканд, “имрӯз гуфта наметавонем, ки ба тиҷорат дар миқдори муайян шуруъ мекунем. Дар оянда ногузир аст. Шояд ҳоло корҳои омодагиро пеш мебарем. Барои оғози чунин муносибатҳо, таври маълум, раиси вилояти мо ҳамроҳи раиси вилояти Суғд пайваста вомехӯранд. Дар байни аҳолӣ низ барои мустаҳкам кардани дӯстӣ ва пойдор гардондани сулҳ чорабиниҳо мегузаронанд. Гуфтушунид давом дорад. Ин вазъ то абад намемонад, дар оянда сарҳад ҳатман боз мешавад.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Бояд аз нав оғоз кард”
Тиҷорат манбаи асосии даромади Мария Тиллобоева ва ҳамсояҳояш аст. Сарҳади баста онҳоро аз ин манбаъ маҳрум мекунад. Аз сӯйи дигар, онҳо хоҳони ҳалли зудтари масоили марзӣ ҳастанд, зеро аз эҳтимоли ҳар лаҳза сар задани даргириҳо монда шудаанд.
Мария Тиллобоева, сокини деҳаи Арқа, мегӯяд, “бояд аз нав оғоз кард. Ҳоло, масалан, агар қарор кунем, ки ҳамчун манбаи иловагии даромад чизе дар замин бикорем, пасандоз нест. Наметавонед бештар аз харҷи хӯрок пул кор кунед. Масалан, замин дорем, вале пули зиёдатӣ нест. Ман танҳо нафақа мегирам. Кӯдакон ёрипулӣ намегиранд, зеро онҳо бо ман зиндагӣ мекунанд. Як мошин дорем, кумакпулӣ намедиҳанд. Мошинро фурӯшем, агар ҳодисае шавад, чӣ гуна мегурезем? Мо маҷбурем. Онро метавон фурӯхт, аммо фикр мекунем, ки чӣ гуна ба ҷои амн худро мерасонем. Як таркиш шавад, тамом, касе ба касе нигоҳ намекунад. Ҳеч кас ба ман намегӯяд, ана мошин, савор шаву рав.”
“Савдо суст аст. Ҳама чиз гарон. Ба сабаби мушкили сарҳад аз хориҷа одамон намеоянд. Тоҷикон намеоянд. Агар тоҷикон биёянд, савдо беҳтар мешавад. Мо мехоҳем, ки додугирифт шавад. Дар тарсу ҳарос зиндагӣ мекунем. Хоб надорем. Шаби ором ҳам. Хуб, ҳоло чӣ бояд кард? Имкон надорад, ки ин вазъ то абад давом кунад. Фарзандон метарсанд, ба Бишкек мераванд. Мегӯянд, дар онҷо хона месозанд,” – гуфт сокини дигари Арқа Аюб Саидов.
Сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон пас аз даргирии мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 баста ва аз он вақт равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии ду ҳамсоя бас шуд. Ин вазъ ба зиёни ҳарду ҷониб аст. Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. 682 километри он мушаххас ва боқимонда ҳанӯз номуайян аст.