Нишонҷон Отамуродов, ки бо таронаҳои "мавригӣ" дар Бухоро ва берун аз он маъруф аст, мехоҳад, имсол бо ҳайати дастааш ба Тоҷикистон биояд, аммо дасти холӣ не. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар идомаи сафар ба Узбекистон ӯро аз наздик дид ва суҳбат кард. Матну видеояшро дар зер бинед.
Нишонҷон Отамуродов: "Ин ҳам дарди дили одам аст. Ба таърих нигаред, дар асри 16-17 ба мо расидааст. Аз шаҳри Марв. Мавригӣ ишора ба минтақаи асли эрониҳои Бухоро аст. Ин ҳунармандон ба Бухоро омаданд ва набера, абера, чабераҳояшон мавригихон шуда монданд. Таронаҳои мавригӣ ду маъно доранд: Якум ишқ ба зан ва дувум ишқ ба Худованд."
Радиои Озодӣ: Гуфтед, "мавригӣ" ишқ ба зан ва Худованд аст, вале дарди рӯзгору мушкили иҷтимоӣ ҳам дорад. Не?
Нишонҷон Отамуродов: "Бале. Даруни дили одам пур аз дард аст. Яке бемор аст, дигаре қарздор ё мусофир... Ё фарзандонаш калон мешаванд, маблағ намерасад. Хулоса сад мушкили зиндагӣ."
Радиои Озодӣ: Ин навъи ҳунарро ба мерос гирифтед?
Нишонҷон Отамуродов: "Тарбияи бобоям Абдулаҳад Забиуллоҳро гирифтаам. Он кас мегуфтанд, Бухоро ҳамин гуна шаҳре аст, ки миллат гуфтанӣ гап нест. Рус аст, тоҷик аст, узбек аст, тотор аст, дар умум мо бухороӣ. Барои ҳамин, дили ҳамаро ёфтан даркор. Тарбияи бобоямро гирифта, бо забонҳои гуногун мехонам, ҳам ба забони русӣ, арманӣ, тоторӣ ва забони худамон – тоҷикӣ."
Радиои Озодӣ: "Мавригӣ" дар Тоҷикистон ҳам маҳбубият дорад. Нигина Амонқулова сурудааст. Дамирбек Олимов, Толибҷон Исмоилов ва Ҷамшед Исмоилов ҳам...
Нишонҷон Отамуродов: "Овозхонҳои Тоҷикистонро эҳтиром мекунам. Онҳо ҷавонанд. Сурудҳои мавригӣ аз халқ омадааст ва ба халқ бояд расад. Фақат хуб мешуд, пеш аз сурудан бо мо гуфтугузор мекарданд. Ин ба маънои иҷозат гирифтан нест, ба маънои маслиҳат аст. Сурудҳои халқиро набояд ғалат хонд."
Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш шиква доштед, ки гуё сурудҳои шуморо дар Тоҷикистон бе иҷоза хондаанд. Ҳамин гуфтугузор ба куҷо расид?
Нишонҷон Отамуродов: "Бале, ин масъала дар рӯзнома буд. Ман хафа нашудам, аммо ҳар чизе, ки бо иҷозат ва дуои хайр мешавад, умраш дароз мешавад. Мо ҳам то ҳол бо дуои пирону устодон гаштем."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Бо ҳунармандони тоҷик ошноӣ ва ҳамкорӣ доред?
Нишонҷон Отамуродов: "Чанде пеш аъзои гурӯҳи “Шамс” ба хонаи мо меҳмон шуда буданд. Мо ҳамдигарро аз солҳои 1991-1992 мешиносем. Онҳо баъд аз тӯй соати 21:30 ба хонаи мо омаданд ва суҳбати мо то саҳар тӯл кашид. Далер Назаров ҳам дӯсту бародари чандинсолаи мо аст. Ҷӯрабек Муродов ҳам дӯсту бародари мо ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Сафару ҳунарнамоии нахустини шумо дар Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-ум будааст. Пас аз он чанд сол дар Тоҷикистон набудед...
Нишонҷон Отамуродов: "Аввалан он солҳоеро, ки гузашт, илоҳӣ душман набинад. То соли 1992 рафтуомад нағз буд. Ҷанги бемаънӣ сар шуд ва то соли 2004 рафтуомад набуд. Баъд кам-кам рафтуо сар шуд. Соли 2009 дар даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон консерт гузоштем, бисёр гап истиқбол карданд. Ин сурудҳоро танҳо бо доира хондем. Як соату бист дақиқа танҳо бо доира толорро ба даст гирифтан осон нест. Дар Кохи Ҷомӣ консерти ҳисоботӣ ба номи “Базморо “ баргузор шуд. Ҳамон вақт ба ман Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро доданд."
Радиои Озодӣ: Чаро дар чаҳордаҳ соли гузашта сафари ҳунарӣ анҷом надодед?
Нишонҷон Отамуродов: "Дар ният буд, вале паҳн шудани беморӣ нақшаҳои моро вайрон кард. Дар нақша ҳаст, ки бо гуруҳи “Шамс” сурудҳоро омезиш дода, консерт гузорем. Онҳо суруди “Кабутар” доранд ва мо ҳам. Мехоҳем якҷо хонем."
Радиои Озодӣ: Барнома дар кадом минтақаи Тоҷикистон доир мешавад?
Нишонҷон Отамуродов: "Дафъаи гузошта дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон будем, аммо ба Кӯлоб рафта натавонистем. Шояд ҳаво сард буд ё мушкили дигаре пеш омада буд. Имсол мехоҳем, сафари ҳунариро аз шаҳри Кӯлоб ва Помир сар кунем. Ман дар ҳардуи ин минтақа дӯстони зиёд дорам ва медонам, ки хеле ба фарҳангу ҳунар шавқу рағбат доранд."