Намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки пешниҳод кардааст, ки ба зидди мақомоти Тоҷикистон қоидаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла "таҳрими ҳадафмандона"-ро ба кор бибаранд.
Мариус Фоссум рӯзи 7-уми апрел дар Твиттер мансабдорони тоҷикро барои, ба гуфтааш, "тамасхури адолат ва волоияти қонун" сарзаниш кард.
Изҳороти ин ҳомии ҳуқуқи башар пас аз он садо дод, ки ҷузъиёти парвандаи хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозилов расонаӣ гардид. Ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ муттаҳам мекунанд. Ин банди қонун аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад.
"Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигори мустақил Хуршед Фозиловро барои фаъолияти қонунияш таъқиб доранд. Онҳо, ҳамин тавр, боқимондаҳои озодии баёнро дар кишвар аз байн мебаранд," -- гуфтааст Мариус Фассум.
Соли 2017 эътилофи иборат аз 23 созмони ғайридавлатӣ, аз ҷумла Freedom House, Human Rights Watch, Freedom Now, Transparency International ба Котиботи давлатӣ ва Вазорати молияи Амрико пешниҳод доданд, ки алайҳи 15 мансабдор ва тоҷири кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон ва фасоди молӣ гумонбар мешаванд, мутобиқи “Санади Магнитский” таҳрим ҷорӣ кунад.
Аз Тоҷикистон дар ин рӯйхати пешниҳодӣ номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов зикр шуда буд, вале таҳрим дар баробари мансабдорон ҷорӣ нашуд.
Хуршед Фозиловро дар аввали моҳи марти имсол дар Панҷакент дастгир карданд. Ҳоло дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд аст.
Вакилаш, Дилафрӯз Самадова, мегӯяд, Фозилов иттиҳоми узяивт дар созмонҳои мамнуъро напазируфт ва, баръакс, дар бораи боздошти худсарона, риоя нашудани дахлнопазирии шахсӣ ва баёноти маҷбурӣ ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард.
Аз моҳи майи соли гузашта ба ин тараф 7 хабарнигору блогеру тоҷик дастгир ва ба солҳои дароз зиндонӣ шуданд.
Аксари онҳо, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор шуданд. Худашон иттиҳомро рад ва аз шиканҷа шикоят карданд.