Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозанашраш аз афзоиши нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли гузашта хабар дода, сабабро зиёд шудани шумори муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русия гуфтааст.
Гузориши 120-саҳифаии Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Рушди заъиф, таварруми баланд ва бӯҳрони арзиши зиндагӣ” рӯзи 6-уми апрел нашр шуд ва дар он вазъи иқтисоди кишварҳои ҷаҳон дар соли 2022 ва оғози соли 2023 арзёбӣ шудааст.
Бино ба хулосаи муаллифони ин гузориш иқтисоди Тоҷикистон соли 2022 ба далели афзоиши талабот ба нирӯи корӣ дар Русия то 8 дарсад афзоиш ёфт ва боис шуд, даромади хонаводаҳо каме бештар шуда, ба кишвар маблағи зиёдтар ворид шавад. “Чунин тамоюли мусбат хароҷоти хонаводаҳоро афзоиш дод. Саноати маъдан барои афзоиши сармоягузории хусусӣ сабаб шуд”, мегӯяд гузориш.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки мизони муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон то замони эълони сафарбаркунӣ ба артиш дар Русия якбора боло рафт. Ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли гузашта даромади хонаводаҳое, ки як узви оилаашон дар муҳоҷират аст, аз 42 дарсади пешина ба 50 дарсад зиёд шуд, вале баъдан боз коҳиш ёфт.
Қурби пули миллӣ – сомонӣ дар муқобили доллари амрикоӣ соли 2022 то 2,6 дарсад гаронтар шуд ва ин чиз, то андозае барои кам кардани шиддати нархҳои беруна мусоидат кардааст.
Тоҷикистон дар соли 2022 шоҳиди то 7 % боло рафтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ шуд ва ин чиз ба поин бурдани мизони фақр таъсир кард. Тибқи хулосаи ниҳоди байналмилалии молӣ, агар соли 2015 шиддати фақр дар Тоҷикистон 25,7 дарсадро ташкил медод, соли 2022 ин нишондод то 13,4 дарсад поин омад. Бо ин вуҷуд, ба таъкиди Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон дар қарамрави Аврупо ва Осиёи Марказӣ фақиртарин боқӣ мемонад.
Далелаш ин аст, ки, ба қавли Бонки ҷаҳонӣ, модели иқтисоди ин кишвар бар пояи истихроҷ ва содироти маъдан ва ҳам интиқолҳои пулӣ асос ёфтааст.
Пешбинӣ мешавад, ки соли “шоки мусбат”-е, ки иқтисоди Тоҷикистон шоҳиди он шуд, тадриҷан поин меояд.
Бино ба пешбинии Бонки ҷаҳонӣ хатари сафарбарӣ ба артиш дар Русия, соли 2023 ҳам боқӣ мемонад ва ин чиз метавонад боиси кам шудани шумори муҳоҷирони корӣ шавад.
Мутахассисони ин ниҳод мегӯянд, Тоҷикистон бояд аз паи ислоҳоти сохторӣ, мустақил кардани низоми додгустарӣ, боз гузоштани бахшҳои калидӣ барои рақобат ва соҳибкорӣ ба вижа дар соҳаҳои мухобирот ва ҳавонавардӣ, тақвияти бахши захираҳои инсонӣ ва мудирияти беҳтар бошад, то ки тавонад вазъи иқтисодорашро беҳбуд бахшад.