Идомаи набардҳо дар Бахмути Украина

Низомиёни Украина мегӯянд, набардҳо дар гирду атрофи шаҳри шарқии Бахмут идома доранд. Ба қавли онҳо дар 24 соати гузашта, беш аз 40 ҳамлаи нерӯҳои Русия ба ақиб партофта шуд.

Субҳи 7-уми апрел Ситоди кулли нерӯҳои Украина хабар дод, ки бархӯрдҳо дар канори шаҳрҳои Лиман, Бахмут, Авдеевка ва Мариинка ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати ИМА ифшо шудани маълумот дар бораи нақшаҳои ирсоли кумакҳои низомии Амрико ва НАТО барои ҳамлаи Украинаро таҳқиқ мекунад. Шоми 6-уми апрел сухангӯйи вазорати мудофиаи ИМА Сабрина Сингҳ гуфт, Вашингтон нашри маълумоти пинҳонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина ва иттилои махфӣ дар бораи баталиёнҳои Украинаро таҳқиқ мекунад.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, зоҳиран, баъзе санадҳо таҳрир шуда, аз ҷумла хисороти ҷониби украинӣ бештар ва хисороти ҷониби Русия камтар нишон дода шудааст.