Чаро Озарбойҷону Тоҷикистон тиҷорати зиёд надоранд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот карданд. Раҳбари Озарбойҷон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон рафтааст. Мулоқот бо президенти Тоҷикистон, имзои чанд санад ва баргузории нишасти сармоягузорон аз барномаҳои сафари Алиев ба Душанбе буд.