Баъзе аз сокинон пайваста кори ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Яке аз беадолатӣ шикоят дорад, дигаре аз бекорӣ ва бархӯрди номуносиби мансабдорон бо мардум. Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми апрел аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки агар фаразан ба ҷойи яке аз вазирону раисони идораҳои давлатии Тоҷикистон мебуданд, чиро дигар мекарданд?
Посухҳо ин аст:
- "Агар раис мешудам, мардумро ба ҷойи кор таъмин мекардам ва маошро саривақт медодам."
- "Дар ҷойи аввал донишро мегузоштам. Ҳоло бисёре аз одамон дониш доранд, вале "тағо" надоранд ва ба ин сабаб ба вазифаҳои баланд баромада наметавонанд."
- "Халқи камбизоатро дастгирӣ мекардам, хусусан ятимону ятимдоронро."
- "Ман худамро ягон бор дар ин зина ҳис накардаам ҳоло."
- "Гап дар мансаб нест, гап дар кордонӣ аст. Одам бояд савод дошта бошад, фарҳанг дошта бошад. Ҳозир бо пул мансаб мегиранд. Ин хел набояд бошад."
- "Роҳҳоро обод кунанд. Бисёре аз роҳҳои Душанбе шикаста ё канда шудааст. Обод шавад, ба фоидаи халқ аст."
- "Муомиларо бо халқ беҳтар мекардам. Худам маъюб ҳастам ва санад ҳам дорам, вале дар бемористонҳо муносибати хуб намекунанд."
- "Барои мисол, Вазорати тандурустиро гирем. Вазир бояд мутахассисонеро монад, ки ба кори худ ҷавоб дода тавонанд."