Паҳлавонони тоҷик дар "Antalya Grand Slam 2023" бе медал монданд 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Antalya Grand Slam 2023”, ки аз 31-уми март то 2-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кило), Беҳрӯзи Хоҷазода (то 73 кг), Шодмон Ризоев (то 81 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг) – намояндагӣ карданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ду паҳлавони тоҷик - Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов – ба рақобат пардохтанд. Қувватов дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Дилшодбек Баротови узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Ҷебов дар вазни то 66 кило дар даври аввал бар Густав Броволд аз Норвегия дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври дуюм қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Фабио Басилеи итолиёвиро мағлуб карда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Обид дар ҳаштякфинал аз ҷудокори бразилӣ Виллиан Лима ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медал бенасиб монд.

Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Беҳрӯзи Хоҷазода ва Шодмон Ризоев намояндагӣ карданд. Беҳрӯз дар вазни то 73 кило дар даври аввал муқобили Валттери Олин аз Финляндия пирӯз шуда, дар даври дуюм Коен Ҳег аз Нидерландро ҳам шикаст дод. Вале дар даври сеюм аз Игор Вандткеи олмонӣ мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум гашт. Ризоев бошад, дар вазни то 81 кило дар даври аввал қувваозмоиро ба рақиби португолиаш Жоау Фернандо бохт.

Дар рӯзи охири мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило рақобат карда, дар даври аввал аз Мартин Маттийаси олмонӣ шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Antalya Grand Slam 2023” 600 варзишгар (337 мард ва 263 зан) аз 83 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок кард. Рақобатҳо дар ҳафт вазн миёни мардон ва дар ҳафт вазн миёни занон сурат гирифт.

Дар сабқати мардон Лука Мхекидзе (-60 кг, Фаронса), Максим Гоберт (-66 кг, Фаронса), Мануэл Ломбардо (-73 кг, Италия), Маттияс Кассе (-81 кг, Белгия), Ноел Ван Т Энд (-90 кг, Нидерланд), Аарон Фара (-100 кг, Австрия) ва Ҷелле Сниппе (+100 кг, Нидерланд) ғолиб шуда, бо медалҳои тило сарфароз гаштанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 7 медал (5 тило ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Нидерланд бо касби 3 медал ( 2 тило ва 1 нуқра) мақоми дувумро соҳиб гардид. Мунтахаби Бразилия бо касби 4 медал ( 2 тило ва 2 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол намуд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2022" аз байни ҳашт варзишгари тоҷик танҳо Темур Раҳимов соҳиби ҷоиза гардида буд. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Зимнан, “Antalya Grand Slam 2023” шашумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон буд.

Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки моҳи январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2023” (3-5-уми март) ду медал (як нишони тило ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тило гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар се мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал), “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ва “Tbilisi Grand Slam 2023” (24-26-уми март) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.