Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар пас аз адои ҷазо дар зиндон озод мешаванд, вале на ҳамеша метавонанд ба зиндагии одӣ баргарданд. Чанде аз маҳбусони собиқ дар вилояти Суғд, ки муҳтоҷи кумак барои таҳсилу кор шудаанд, қиссаҳои худро ба Радиои Озодӣ нақл карданд.
Ҷамшед Сатторови 31-сола 16 соли умрашро паси панҷара сипарӣ кардааст, чун аз овони наврасӣ то кунун шаш бор зиндонӣ шудааст. Баъди ҳар бори озод шудан, моҳҳо саъй кардааст, кори дурусте пайдо кунаду зиндагиашро ба роҳ монад, вале бенатиҷа. Падару модари Ҷамшед зиндаанд, вале вале бо ӯ робита надоранд, пайвандонаш ҳам дар ғаму шодиаш дигар шарик нестанд.
Мегӯяд, ки ҷазои амалашро дидааст, вале: “Одами маҳбус баъди раҳоияш ҳам ҳеҷ чиз будааст. Ин доғ ҳамеша ҳамроҳи ӯ мемондааст. Лекин мо ба кори кардаамон ҷазоямонро гирифта баромадаем ку. Агар фаҳманд, ки мо дар маҳбас будем, аз ҳама одами паст ҳисоб мекунанд.”
Ҷамшед гувоҳиномаи хатми мактаби миёнаро дар зиндон гирифтааст ва ба қавли худаш, дониши мактаби миёнаро дорад. Мехоҳад, таҳсили олӣ кунад ва ҳамчун барномасоз ба мардум хизмат намояд. Вай ҳоло ҳамчун ихтиёрӣ дар созмони “Диёр” кӯмак мерасонад ва берун аз он дар нуқтаҳои мошиншӯйӣ кор мекунад. Ҷамшед мехоҳад, бо сад мушкилӣ бошад ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил гардад ва ба зиндон барнагардад. Ҳафт моҳ боз ҷойи кору маоши хуб, ё дастгирӣ барои таҳсилро меҷӯяд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷамшед Сатторов, сокини Хуҷанд: “Ҳама корҳоеро ба мо нишон медиҳанд, ки музди моҳонааш ба мо рост намегирад. Масалан, ман дар Хуҷанд зиндагӣ мекунам, вале ҷойи кор дар шаҳри Бӯстон аст. Ё ман дар ин тарафи шаҳр зиндагӣ мекунам, кор дар он тарафи шаҳр аст. Худи роҳкиро дар як моҳ 500-600 сомонӣ шояд шавад, маош ҳам шояд мисли ҳамин ё аз он камтар аст. Ягон кори нағз надоранд”.
"20 дар сади бесарпаноҳон зиндониёнанд"
Масъулони созмони ҷамъиятии “Диёр” дар як таҳқиқ маълум кардаанд, ки 20 дарсади бесарпаноҳон зиндониёни собиқ ҳастанд. Баъзеашон роҳи зиндагии худро гум кардаанд ва дар партовгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, вале афроде мисли Ҷамшед ҳам ҳастанд. Дар сурати илоҷи кору зиндагиро наёфтан боз даст ба аъмоли ношоиста мезананд.
Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони “Диёр”: “Албатта, ба онҳо ёрии равонӣ лозим аст ва бояд роҳ нишон дода шавад. Бояд давлат ба чунин одамон кӯмак расонад ва ё ҳадди ақал ҷойи зист муҳайё созад. Дар навбати аввал онҳо ҳеч чиз надоранд ва муҳтоҷ ба либосу хӯрока ҳастанд. Бехона ва бе ҷойи кор мемонанд”.
Масъулони идораи кор ва шуғли аҳолӣ дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо соли гузашта беш аз 150 зиндонии собиқ дар Суғд соҳиби ҷойи кор шуданд. То соли 2022 дар вилоят 323 маҳбуси собиқ ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят бо мушкилоти бекорӣ муроҷиат кардаанд.
Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати оҷонсии шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд: “Бо мусоидати мақомот ва корфармоён 155 нафар бо ҷойи корӣ таъмин, ба 3 нафар барои соҳибкорӣ қарзи боимтиёз дода шуд. Инчунин бо назардошти афроди дар қайд будаи солҳои қаблӣ ба 271 нафар ба маблағи 170 ҳазору 585 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд. Дар 13 маркази таълимии вилояти Суғд маҳбусони собиқро касб ёд додем. Кор дар ин идома дорад”.
Намунаҳои дигар низ ҳаст
Ҳарчанд ҳаёти баъди зиндон душвориҳои зиёд пеш меорад, афроде низ ҳастанд, ки баъд аз зиндон низ комёб гаштаанд. Яке аз онҳо Атмия Азимова аст, ки соли 2013 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир 8 сол зиндонӣ шуд. Пас аз як сол афв ва озод шуд.
Пас ду соли саъйу кӯшиш коргоҳи дӯзандагиеро барои ҳамтақдиронаш таъсис дод ва тӯли 6 соли охир савдояшро чанд маротиба афзудааст. Ба ӯ муяссар шудааст, ки аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2018 барои сохтани коргоҳу ҷойи иқомат барои 50 маҳбуси собиқ 31 садяк замин бигирад ва ҳоло ҳама кӯшишашро барои бунёди он мекунад.
Атмия Азимова, сокини Хуҷанд: “Дар муддати 5 сол мо ҳамин қадар обод кардем. Масалан ҳар вақт аз ҷониби корхонаамон як миқдор маблағи муайян ба даст меорем ва то расиданаш барои сохтмон инҷо қисм-қисм масраф мекунем. Одамоне ҳастанд, ки ҳамчун дастгирӣ маҳсулоти сохтмониро ба нася медиҳанд ва мо ба онҳо майда-майда бармегардонем. Масалан семент ба миқдори калон даркор шуд ба мо доданд. Нася додан ҳам ба мо як дастгирии назаррас аст”.
Коршиносон ва равоншиносон мегӯянд, маҳбусони собиқ дар шароити Тоҷикистон, ки иқтисоди заифе дорад, бояд сабур бошанд ва барои ба мақсад расидан истодагарӣ кунанд. Бархи дигар бар онанд, ки давлатро мебояд, барои баргаштан ба ҳаёти муқаррарӣ бо онҳо кор кунанд ва нагузорад, ки онҳо аз ноилоҷӣ дигарбора даст ба табаҳкорӣ ва ҷиноят бизананд.