“Хӯроки сахт, тунд (тез), боддор ва дорои моддаҳои зиёди кимиёӣ нахӯранд.” Профессор Ҷаҳони Азонзод тавсияашро барои рӯзадорон дар Тоҷикистон ин гуна сар кард. Ӯ мегӯяд, дар моҳи Рамазон истеъмоли баъзе аз маҳсулот маслиҳат нест, чун пайомади ногувор доранд.
“Оби газдори ранга, фастфуд, кетчупу майонез ва ролтон дар айёми рӯзадорӣ ба саломати инсон таъсир мерасонанд. Дар ин моҳ бештар оби тоза ва шарбати мева нӯшидан маслиҳат дода мешавад,” – илова кард ӯ рӯзи 31-уми март.
Ин ғизошинос тавсия дод, ки рӯзадорон ҳангоми ифтор зиёдтар аз хӯроки “сабук” ва меваю сабзавот истифода кунанд ва пас аз хӯрдан зуд нахобанд.
Ҳамсуҳбати мо бар ин аст, ки шахсони рӯзадор ҳар субҳ хӯроки қувватнокиаш зиёд бихӯранд, то бадани инсон бо нерӯи кофӣ таъмин бошад.
“Чарбуи зиёд ва маҳсулоти шӯрӣ метавонад, моро ба бемории рагҳои хунгард, ҷигар ва ғадуди зери меъда гирифтор кунад. Ширинӣ дар ин моҳ миқдори глюкозаи таркиби хунро зиёд мекунад,” – гуфт Ҷаҳони Азонзод.
Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар мавриди истеъмоли ғизо дар моҳи Рамазон назарҳои гуногун доранд.
Нафаре гуфт, “ҳамааш аз худи одам, аз бадани одам вобаста аст. Агар касалӣ дошта бошад, мисол бемории меъда, метавонад, хӯрокҳои мулоим хӯрад. Агар саломат аст, ҳар чӣ хӯрад мешавад. Палав, гӯштбирён. Иштиҳояш чӣ хеле бошад.”
Пизишкон мегӯянд, дар моҳи Рамазон одамон пас аз рӯзаи тӯлонӣ якбора хӯроки зиёде мехӯранд, ки гувориш ё ҳазм шудани он ҷисмашонро азоби зиёд медиҳад. Сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ гуфтанд, бовар доранд, дар интихоби ғизо ва миқдори он қоидаҳои истеъмолро риоят мекунанд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “аввал хӯроки сабук, баъд дар хӯроки вазнинтар мехӯранд. Хӯриш мекунем, ки рӯзи дароз меъда холӣ аст, вазнинӣ накунад.”
Раҳгузаре посух дод, ки “ҳангоми ифтор аввал камтар оби ширгарм менӯшем, баъд хӯрмо, сипас хӯроки гарм. Дар субҳона шир менӯшам, лекин камтар. Тухм, ягон хӯроки сабук, хӯроки вазнин намехӯрам, оби газдор ҳам наменӯшам.”
Як ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки дар ифтор мехоҳад дар дастурхонаш меваю сабзавот ва хӯрокҳои мухталиф бошад, вале барои харидани маҳсулоти муносиб дасткӯтоҳ аст.
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 23-юми март сар шуд ва то нимаи дувуми моҳи апрел идома хоҳад кард.