Зани тоҷик аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад ё сабабҳои дигар?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро теъдоди занони тоҷик, ки фарзандонашонро дар Тоҷикистон мемонанду барои кор ба Русия мераванд, зиёдтар мешавад? Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2021 аз 500 ҳазор нафаре, ки барои кор ба хориҷ рафтаанд, 13% занон буданд. Онҳоро чӣ маҷбур кардааст, ки хонаводаро гузошта ба Русия бираванд?