Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, дар парвандаи пардохти "ҳаққи сукут" ба Сторми Дэниелс, як бозигари филмҳои шаҳвонӣ, расман муттаҳам мешавад. Дар ин бора ҳайати як додгоҳи мунсифа дар Манҳеттани Ню-Йорк рӯзи 30-юми март раъй дод. Доналд Трамп дар вокуниш раъйи ин ҳайатро интиқомгирии "сиёсӣ" барои таъсир гузоштан бар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2024 донист.
Раиси ҷумҳури пешини Амрико қарор аст рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда худро ба додгоҳ муаррифӣ кунад. Ҷаноби Трамп нахустин раиси ҷумҳури пешини Амрико аст, ки додгоҳе иттиҳомотро алайҳи ӯ баррасӣ мекунад. То кунун ҳеч яке аз президентҳои Амрико, чӣ онҳое, ки дар қудрат буданд ва чӣ онҳое, ки Кохи Сафедро тарк кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ рӯбарӯ нашудаанд.
Иттиҳоми ҷиноӣ алайҳи Трамп дар ҳоле аст, ки ӯ нияти иштирок дар интихоботи президентии соли 2024-ро дорад. Ӯ таъкид кардааст, ки ба ҳеҷ сурат аз номзадии Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои интихоботи президентӣ канор нахоҳад рафт.
Элвин Брэгг, додситони демократи минтақаи Манҳеттан, раҳбарии таҳқиқот дар ин парвандаи Доналд Трампро ба ӯҳда доштааст.
Доналд Трамп дар ин баёния эълон кардааст, ки "комилан бегуноҳ" аст. Ӯ мегӯяд, ин интиқомгирии сиёсӣ, "мудохила дар интихобот дар баландтарин сатҳ дар таърих аст".
Айбҳо нисбат ба Доналд Трамп дар ин парванда ҳанӯз ба таври ошкоро эълон нашудааст. Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, 31 мавриди иттиҳоми "фасоди молӣ" алайҳи Трамп матраҳ шудааст.
Доналд Трамп мебоист барои анҷоми марҳилаҳои қонунӣ ҷиҳати иштирок дар интихобот, аз ҷумла ангуштнигорӣ, ба Манҳеттан сафар кунад. Дафтари додситони минтақаи Манҳеттан мегӯяд, ки бо вакилони Доналд Трамп тамос гирифтааст, то дар бораи "муаррифӣ"-и зерҳимояашон ба додгоҳ, ҳамоҳангиҳои лозим анҷом шавад.
Ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурихоҳон аз раъйи ҳайати додгоҳи Манҳеттан ба шиддат интиқод кардаанд.
Майк Пенс, муовини аввали Доналд Трамп дар мусоҳиба бо CNN гуфтааст, ки айбҳо алайҳи президенти пешин бинобар қонуншиканиҳои молии корзори интихоботӣ, интиқомгирии "сиёсӣ" аст.
Сторми Дэниелс иддао кардааст, ки дар соли 2006 бо Доналд Трамп робита доштааст ва пеш аз интихоботи президенти соли 2016, 130 ҳазор доллар ба ӯ "ҳаққи сукут" пардохта шудааст.
Додситони минтақаи Манхеттан далелҳоеро ба ҳайати додгоҳ ироа кардааст, ки нишон медиҳад Майк Коҳен, собиқ вакили шахсии Трамп, дар рӯзҳои ахири корзори интихоботии Трамп дар соли 2016 ба хонум Сторми Дэниелс пул пардохт кардааст.